Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар тоҷикистониён мукофоту унвонҳо тақдим кард

Президенти Тоҷикистон Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун  мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат ба зиёда аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун  мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат ба зиёда аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ мукофоту унвон ва ҷоизаҳо тақдим шуданд.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати содиқонаи фарзандони далеру шуҷоъ – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки онҳо дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати касбии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки “имрӯз низ даҳҳо нафар фарзандони содиқи Ватан бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд”.

Дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат ному насаби шахсоне, ки ба мукофоту унвон ва ҷоизаҳо сазовор гаштаанд, оварда намешавад.

Дар ин маросим, ки дар Кохи миллат доир гардид, 1 нафар ба унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар – Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар – Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 1 нафар – Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 19 нафар – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва 20 нафар – Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ғайр аз ин, 2 нафар бо орденҳои “Спитамен” дараҷаҳои I ва II, 7 нафар – бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 25 нафар – бо медали “Ҷасорат”, 105 нафар – бо медали “Хизмати шоиста”, 7 нафар – бо медали “Шафқат” ва 11 нафар – бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд. Ба 15 нафар ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 тақдим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.