Дар Душанбе аввалин Синамоҷашнвораи байнулмилалии “Тоҷи Сомон” доир мегардад

Asia-Plus

Аз 15 то19 октябр дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи кинои тоҷик бо дастгирии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» доир мегардад. Айни замон давраи интихоби филмҳо барои ҷашнвора ҷараён дорад. Дар ин бора МД “Тоҷикфилм” дар саҳифааш дар Facebook хабар медиҳад.

Синамоҷашнвора таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад. Ҳадафи баргузории ҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, табодули таҷриба, такмили маҳорати филмбардорони ҷавон, муаррифии филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба дӯстдорони синамо, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии самтҳои сайёҳӣ, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, таҳким ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар киноиндустрия дар доираи «Барномаи рушди синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» унвон мешавад.

Ба ҳайати Комиссияи интихоби филмҳо Маҳмадсаид Шоҳиён-директори МД «Тоҷикфилм», Ғайбуллозода Толиб-муовини якуми директори МД «Тоҷикфилм», Сӯфизода Шодимуҳаммад – директори китобхонаи ба номи Индра Гандии АМИТ, Заур Дахте – наворбардор, Тилло Некқадамов – киношинос, Зоҳир Сафиуллоҳ – киношинос, Маҳмадулло Табарӣ – санъатшинос, Абдурофеъ Рабизода – филмноманавис, Назар Назаров – сармуҳаррири МД «Тоҷикфилм» шомил шудаанд.

Синамогарони маъруфи кишварҳои ҷаҳон ба сифати меҳмонони фахрӣ дар ҷашнвора иштирок мекунанд.

“Филмҳо дар ду озмун – озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ иштирок ва рақобат хоҳанд кард. Қабули филмҳо аз  кишварҳои Аврупо, Осиё ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, интихоби филмҳо аз 22-юми август  шурӯъ гардида, то ба имрӯз зиёда аз 25 филм аз кишварҳои Эрон, Беларус, Маҷористон, Узбекистон, Покистон, Туркманистон, Қазоқистон,  Россия, Арманистон, Ҳиндустон ва Чин мавриди баррасӣ ва тамошо қарор  гирифта, филмҳои мувофиқ  барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» тавсия дода шуданд.

Ба ҷуз озмунҳо, дар доираи синамоҷашнвора баргузории ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳо, шиносоӣ бо лоиҳаҳо дар соҳаи кино (филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад), вохӯрӣ бо иштироки намояндагони синамои кишварҳои хориҷи дур ва наздик, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ, намоишгоҳи аксҳои Душанбе, инчунин машғулиятҳои “устод ва шогирд” ба нақша гирифта шудааст.

Бо регламенти синамоҷашнвора дар суроғаи зерин шинос шудан мумкин аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...