Боздошти зане, ки 43 нафарро бо ваъдаи сафари ҳаҷ фиреб додааст

Як сокини шаҳри Душанбе барои ба ҳаҷ фиристодани 43 нафар наздики 40 ҳазор доллар гирифта, вале онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Дар ин бора Додситонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин ниҳод аз ин зан Саида Каримзодаи 32-сола зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ном бурдааст. Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади тасарруфи молу […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Як сокини шаҳри Душанбе барои ба ҳаҷ фиристодани 43 нафар наздики 40 ҳазор доллар гирифта, вале онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Дар ин бора Додситонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин ниҳод аз ин зан Саида Каримзодаи 32-сола зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ном бурдааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифода аз боварӣ 43 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додааст.

Аз ҷумла, моҳи марти соли 2023 аз Ҷумаев Ҷума 94 ҳазор сомонӣ ва 15 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки ӯ ва ҳамсарашро ба зиёрати Каъба мефиристад. Вале бинобар сабаби набудани ҷой онҳоро ба ҳаҷ равон карда натавонистааст.

“Саида Каримзода шаҳрванд Ҷума Ҷумаев ва ҳамсарашро ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ равон накарда, аз баргардонидани маблағҳо саркашӣ намуда, бо ин кирдораш ба номбурдагон зарар ба маблағи 94000 сомонӣ ва 1500 доллари ИМА ба миқдори махсусан калон расонидааст”, – навиштааст Додситонии шаҳри Душанбе.

Ӯ инчунин, аз 42 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ваъдаи фиристодан ба ҳаҷ дар маҷмуъ, 27 ҳазору 500 доллар гирифта, онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст ва ҳамин тариқ, маблағашонро барнагардонидааст.

Ин ниҳод гуфтааст, нисбати Саида Каримзода барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин банди қонунгузорӣ аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи Саида Каримзода, вакили дифоъ ва навздикони ӯ маълум нест.

Дар соли равон ӯ ягона нафаре нест, ки бо баҳонаи фиристодан ба сафари ҳаҷ шаҳрвандонро фиреб медиҳад.

Қаблан Фирдавс Фирдавсови 19 сола ва Навруз Ҳасанови 25 сола, сокинони шаҳри Душанбе ҳам бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, барои фиристонидани онҳо ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 “маблағҳои гуногун”-ро тасарруф намуда буданд.

Аз ин бештар, як сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ҳам ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба 2 нафар ваъда дода буд, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.