Ду сокини Душанбе барои фиреби сафари ҳаҷ дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд

Фирдавс Фирдавсови 19 сола ва Навруз Ҳасанови 25 сола, сокинони шаҳри Душанбе, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, барои фиристонидани онҳо ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 “маблағҳои гуногун”-ро тасарруф намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад. “Вобаста […]

Asia-Plus

Фирдавс Фирдавсови 19 сола ва Навруз Ҳасанови 25 сола, сокинони шаҳри Душанбе, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, барои фиристонидани онҳо ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 “маблағҳои гуногун”-ро тасарруф намудаанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Вобаста ба ҳолати содиршавии ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, – афзудааст манбаъ.

Маблағи ситонидаи онҳо дар хабари ВКД зикр намешавад.

Аммо ВКД аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ин нафарон ҷабр дидаанд, ё дар бораи ҷойи буду боши Навруз Ҳасанов ва Фирдавс Фирдавсов ягон маълумот доранд, хоҳиш кардааст, ки тариқи телефонҳои 901-50 00 51, 939 92 76 16 ва 221 01 49 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки чанде пештар сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба ду нафар ваъда додааст, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи охирини зойирини тоҷик – ҳамагӣ 259 нафар рӯзи 23 июн ба Ҷидда раҳсипор шуда буданд ва онҳо то рӯзи 24-уми июл ба ватан бармегарданд.

Қобили зикр аст, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Аммо беш тар аз 4500 нафар тоҷикистонён дар ин мавсим ҳаҷҷи фарзиро адо карданд. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Имсол низ теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.