“Pamir Daily News” дар Тоҷикистон нашрияи экстремистӣ эътироф шуд

Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023, аризаи даъвогии прокурори генералии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд. Маълумот дар бораи манъи фаъолияти Pamir Daily News рӯзи 19 июл дар сомонаи […]

Asia-Plus

Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023, аризаи даъвогии прокурори генералии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.

Маълумот дар бораи манъи фаъолияти Pamir Daily News рӯзи 19 июл дар сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон нашр шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар баста шуданд.

“Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”, – зикр мешавад дар маълумот.

Дар бораи сабабҳои қатъи дастрасӣ ба портал Прокуратураи генералӣ хабар намедиҳад.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои иштирок дар ташкилоте, ки аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардидаааст, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар нашрияи манъшуда менависад, Pamir Daily News ба кораш идома медиҳад.

Ин аввалин нашрияи интернетие нест, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон экстремистӣ эълон шудааст. Соли 2020 Суди олии Тоҷикистон сомонаи хабарии “Ахбор”-ро, ки қароргоҳаш дар Прага воқеъ аст, мамнӯъ эълон карда, изҳор намуд, ки мундариҷаи он ба манфиатҳои “террористону ифротгароён” хидмат мекунад.

Созмонҳои байнулмилалии рӯзноманигорон ва ҳомии ҳуқуқ мунтазам Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии сухан ва фишор болои журналистону блогерҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Тайи соли ахир дар Тоҷикистон 8 нафар рӯзноманигорон ва блогерон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои экстремистӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.