Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар тоҷикистониён мукофоту унвонҳо тақдим кард

Date:

Президенти Тоҷикистон Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун  мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат ба зиёда аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ мукофоту унвон ва ҷоизаҳо тақдим шуданд.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати содиқонаи фарзандони далеру шуҷоъ – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки онҳо дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати касбии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки “имрӯз низ даҳҳо нафар фарзандони содиқи Ватан бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд”.

Дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат ному насаби шахсоне, ки ба мукофоту унвон ва ҷоизаҳо сазовор гаштаанд, оварда намешавад.

Дар ин маросим, ки дар Кохи миллат доир гардид, 1 нафар ба унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар – Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар – Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 1 нафар – Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 19 нафар – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва 20 нафар – Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ғайр аз ин, 2 нафар бо орденҳои “Спитамен” дараҷаҳои I ва II, 7 нафар – бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 25 нафар – бо медали “Ҷасорат”, 105 нафар – бо медали “Хизмати шоиста”, 7 нафар – бо медали “Шафқат” ва 11 нафар – бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд. Ба 15 нафар ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 тақдим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...