Бо гузашти қариб як ҳафта касе боздошти Абдуқодири Рустамро шарҳ намедиҳад

Asia-Plus

Бо гузашти қариб як ҳафта, мақомот сабабу ангезаи боздошти Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷикро шарҳ намедиҳанд. Ӯро рӯзи 31-уми август дар назди коргоҳаш, Бемористони “Ибни Сино” дар Душанбе боздошт кардаанд.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти қудратӣ гуфт, боздошти Абдуқодири Рустам ба таҳқиқи парвандаи Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва мудири Бемористони “Ибни Сино” рабт дорад ва нависанда қаблан дар доираи ин парванда чанд маротиба бозпурсӣ шуда буд.

Манбаи мо гуфт, ба эҳтимоли зиёд бар зидди Абдуқодири Рустам ҳам барои “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” дар асоси моддаи 189 Кодекси ҷиноятӣ метавонад парванда боз шуда бошад.

Иддаое, ки мақомот ва наздикони Абдуқодири Рустам тасдиқ накарданд.

Наздиконаш умуман бо расонаҳо дар ин бора суҳбат намекунанд. Ҳадди ақал ду хеши ӯ баъди шунидани мақсади мо телефонашонро хомӯш карданд.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз Додситонии кул ва ВКД бесамар анҷом ёфт. Як масъули робита бо ҷомеаи Додситонии кулли кишвар барои пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ талаби дархости расмӣ кард. Сухангӯи ВКД гуфт, ки оид ба боздошти Қодири Рустам иттилоъ надорад.

Ҳамин тариқ, бо гузашти қариб як ҳафта маълум нест, ки Абдуқодири Рустам дақиқан боздошт шудааст ё не. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ дар куҷо ва таҳти чӣ шароите қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи қонун, нафари боздоштшуда бояд аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ҳоло агар Абдуқодири Рустам боздошт шуда бошад, маълум нест, ки бо вакили дифоъ таъмин аст ё не.

Рӯзи 1-уми сентябр Радиои Озодӣ аз қавли ҳамкорони Абдуқодири Рустам аз Бемористони “Ибни Сино”, ҷое, ки ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи кормандон кор мекард, навишт, нависандаро шоми 31-уми августи соли равон мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон ҳангоми баромаданаш аз коргоҳ дастгир кардаанд. Ду ҳамкораш шоҳиди боздошти  ӯ будаанд.

“Додситонии кул то боздошт Абдуқодирро ду маротиба даъват карда буд ва баъди пурсиши сесоата ҷавоб дод. Ӯро дар бораи китоби Холиқзода пурсидаанд, ки чаро нуктаҳои алоҳидаи китоб дуруст таҳрир нашудаанд”, – гуфтааст як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Манбаи онҳо тасдиқ кардааст, ки эҳтимол боздошти нависанда ба парвандаи Абдухалил Холиқзода, рабт дорад, ки ӯ ба иттилои Додгоҳи олӣ ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ бо гуруҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ” гумонбар мешавад.

Ин айбнома ба китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” рабт дорад, ки моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд ва Абдуқодири Рустам муҳарири он аст.

Ёдовар мешавем, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, Абдухалил Холиқзода бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ боздошт шудааст ва ӯ супориш дод, ки ӯро ба ҳабс гиранд.

Назари худи Абдухалил Холиқзода ва пайвандони ӯ нисбати ин иттиҳом маълум нест. Наздикони Холиқзода аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

Ин китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Баъзе аз бахшҳои китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён оварда буд ва муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Ин гуфтугузорҳо баҳси маҳалгароиро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ баъди чанд соли кор дар хориҷи кишвар, махсусан Ҳиндустон дар соли 2008, ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони “Ибни Сино”-ро таъсис дод.

Абдуқодири Рустам, ки ҳоло гуфта мешавад, бо пайванд бо ин китоб боздошт шудааст, 65 сол дорад ва дар гузашта дар нашриёти “Ирфон” кор карда, як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кардааст. Вай муаллифи чанд роман ва омодакунандаи “Девон"-и Рӯдакӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...