Манбаъ: Соҳиби “Бемористони Ибни Сино” ба барангехтани кинаю адоват гумонбар аст

Абдухалил Холиқзода, яке аз тоҷирони муваффақ ва муассису соҳиби “Бемористони Ибни Сино” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон боздошт шудааст. Ду манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти қудратӣ дастгир шудани ин соҳибкорро тасдиқ карданд ва гуфтанд, Абдухалил Холиқзода ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” ё моддаи 189 Кодекси […]

Asia-Plus

Абдухалил Холиқзода, яке аз тоҷирони муваффақ ва муассису соҳиби “Бемористони Ибни Сино” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ду манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти қудратӣ дастгир шудани ин соҳибкорро тасдиқ карданд ва гуфтанд, Абдухалил Холиқзода ба “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” ё моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар мешавад.

Манбаъҳои мо гуфтанд, Холиқзодаро нимаи аввали рӯзи 7-уми август кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД аз беморхонааш боздошт кардаанд ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аст.

Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъаи 11-уми август ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи боздошти мудири Бемористони Ибни Сино кӯтоҳ гуфт, “ВКД ӯро дастгир накардааст”.

Манбаъҳои дигар мегӯянд, Абдухалил Холиқзода аз сӯйи кормандони Додситонии кул ё бо дархости додситонӣ дастгир шудааст.

Ҳамин тариқ бо гузашти ҳафт рӯз расман маълум нест, ки ӯро кадом ниҳод ва барои чӣ боздошт кардааст.

Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи қонун, нафари боздоштшуда бояд аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Наздикони Холиқзода аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд ва ҳадди ақал ду нафари наздик ба ӯ баъди шунидани суоли мо гӯширо гузоштанд ва дигар ба зангҳои пайдарпайи мо посух надоданд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ҳамкорони Абдухалил Холиқзода аз “Бемористони Ибни Сино” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” боздошти ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд ҳафтаи гузашта чанд нафар бо либосҳои мулкӣ ҳуҷраи кориашро кофтуков карда, ҳуҷҷату компютер ва чанде аз китобҳояшро бо худ бурданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомот хонааш дар Душанберо ҳам кофтуков карда, компютер ва чанд китобро бо худ бурдаанд.

Китобфурӯшон мегӯянд, шахсони номаълум китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки чанде пештар аз чоп баромада, дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро дар робита ба маҳалгароӣ ба миён оварда буд, аз ҳамаи китобфурӯшиҳои кишвар бидуни шарҳ барчидаанд.

Ин китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки 15-уми март дар Душанбе рӯнамоӣ шуд ва дар он муаллиф аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Баъзе аз бахшҳои китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён оварда буд ва муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Ин гуфтугузорҳо баҳси маҳалгароиро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст ва хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ баъди чанд соли кор дар хориҷи кишвар, махсусан Ҳиндустон дар соли 2008, ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ “Бемористони Ибни Сино”-ро таъсис дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.