СҶТ аз штамми нави коронавирус – “Эрис” ҳушдор медиҳад

Гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар зарфи як моҳ 80% афзуд. Дар ин бора дар маълумоти ҳафтаинаи эпидемиологии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) хабар дода мешавад, менависад РИА Новости. Гуфта мешавад, дар ин давра қариб 1,5 млн ҳолатҳои нави гирифторӣ ба беморӣ ва зиёда аз 2,5 ҳазор фавт аз сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. “Дар саросари […]

Asia-Plus

Гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар зарфи як моҳ 80% афзуд. Дар ин бора дар маълумоти ҳафтаинаи эпидемиологии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) хабар дода мешавад, менависад РИА Новости.

Гуфта мешавад, дар ин давра қариб 1,5 млн ҳолатҳои нави гирифторӣ ба беморӣ ва зиёда аз 2,5 ҳазор фавт аз сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

“Дар саросари дунё тайи 28 рӯзи ахир (аз 10 июл то 6 августи соли 2023) қариб 1,5 млн ҳолати нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 ва зиёда аз 2500 марг бар асари он ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан 80% зиёдтар ва 57% камтар дар муқоиса бо 28 рӯзи пешин аст”, – зикр мешавад дар маълумот.

Аз ҳама бештар одамон дар Бразилия – 500 нафар, дар Кореяи Ҷанубӣ – 340 нафар ва Русия – 205 нафар ҳалок шуда, аз лиҳози марг ба панҷгонаи кишварҳо ҳамчунин Перу ва Австралия низ шомиланд.

Аломатҳои маъмултарини штамми “Эрис” аз бинӣ об рафтан, дарди сар, хастагӣ, атса задан ва дарди гулӯ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.