Амали террористӣ дар Шерози Эрон: то ҳозир чӣ маълум аст?

Бар асари ҳамлаи террористӣ шоми рӯзи 13 август ба мақбараи Шоҳчароғ, воқеъ дар шаҳри Шерози Эрон 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти “Тасним”, ҷинояткорон ду нафар будаанд. Яке аз ҳамлагарон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ба нафари дуюм муяссар шудааст, ки пинҳон шавад. Яке аз террористон ба мақбара ворид шуда, ба […]

Asia-Plus

Бар асари ҳамлаи террористӣ шоми рӯзи 13 август ба мақбараи Шоҳчароғ, воқеъ дар шаҳри Шерози Эрон 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти “Тасним”, ҷинояткорон ду нафар будаанд. Яке аз ҳамлагарон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ба нафари дуюм муяссар шудааст, ки пинҳон шавад.

Яке аз террористон ба мақбара ворид шуда, ба сӯи одамон оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду рӯҳонӣ ва ду зиёратгар кушта шудаанд. Ҳафт нафар ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад IRIB News. Қаламрави гирду атрофи масҷидро кормандони неруҳои амният ба иҳота гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки 26 октябри соли гузашта низ ба мақбараи Шоҳ Чароғ ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 40 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Яке аз ҳамлагарон дар роҳ ба бемористон ҳалок шуда, ду нафар терористони дигар боздошт ва моҳи июли соли равон ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Ҳамин моҳ ҳукм иҷро карда шуд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифта буд.

Он замон хадамоти махсуси Эрон хабар дода буданд, ки тибқи маълумоти онҳо, иштирокчиёни ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Афғонистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.