“Мехостанд амалҳои террористӣ анҷом диҳанд”. Куштори се узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Дарвоз

Се нафар аъзои гурӯҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки мехостанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон безарар гардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, шаби 29 ба 30-юми август се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ […]

Asia-Plus

Се нафар аъзои гурӯҳи террористииҶамоати Ансоруллоҳ*, ки мехостанд дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон безарар гардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шаби 29 ба 30-юми август се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз вайрон намуданд.

Ба навиштаи манбаъ, субҳи 5-уми сентябр дастаи зиддитеррористии амниятӣ аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намудааст, ки таслим шаванд, аммо террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушодаанд.

“Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд”, – афзудааст манбаъ.

КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта, қаблан, аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори зиёди аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой карда шудаанд.

Дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ силоҳ ва муҳиммоти ҷангии зерин дарёфт ва мусодира карда шуданд:

-5 адад автомати Калашников;

-2 силоҳи снайперии М-16 (истеҳсоли ИМА);

-1 карабини М-4 (истеҳсоли ИМА);

-1 таппончаи тамғаи “JF” (ИМА);

-1 таппончаи “Беретта” (Италия);

-2 таппончаи СZ Р07 (Чехия);

-9 норинҷаки дастии Ф-1;

-4 норинҷаки дастии GP М-67 (бо ҳалқача);

-22 тирдони автомат Калашников  ва АК-7,62;

-31 тирдони М-16;

-10 адад тирдони таппонча;

-448 дона тири 7,62 мм;

-2 632 дона тири 5.56 миллиметра;

-477 дона тири таппончаи 9 миллиметра;

-50 дона тири таппончаи «Глок»;

-2 адад дурбини автомати М-4;

-1 адад дурбини шаббини автомати М-16;

-1 адад асбоби лазерии нишонгири автомати М-4;

-4 адад садохомӯшкунаки  (глушители) автомати М-4;

-30 адад пластид (маводи таркандаи S-4 (истеҳсоли ИМА)), бо имконоти тахрибии махсусан калон;

-162 капсул-детонатори тамғаи «Shan»;

-5 адад воситаи тарконандаи махсус;

-2 адад таҷҳизоти идоракунандаи фосилавии маводи тарканда;

-1 рулон таноби оташбар;

-1 асбоби ченкунии электронии моҳворавии мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии ҳадафи мавриди назар;

-105 адад батареяҳои электронии қувватдиҳанда;

-2 соати электронии идоракунии маводи тарканда;

-1 соати механикии танзимкунандаи маводи тарканда;

-3 бастаи сими махсус барои пайвастсозӣ ба маводи тарканда  (дарозии ҳар кадом ба андозаи 150 метр);

-1 дурбини шаббин;

-1 дурбини одӣ;

-4 ратсияи «ICOM» ;

-2 ратсияи «Кобра»;

-4 антенаи захиравии ратсия;

-1 қувватдиҳандаи батарея;

-5 ноқили USB;

-1 ноқили AUX;

-2 микросхема барои идоракунии маводи тарканда;

-5 флешкорт;

-10 ҳазор доллари ИМА;

-дору ва воситаҳои тиббӣ;

-адабиёти динӣ-ифротӣ;

-дафтарҳои аъзоёни гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, рӯйнависҳои тарзи омода кардани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир кардани онҳо дар шароити хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва дигар санадҳо.

Дар иттилоия зикр мешавад, ки дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда ва ҷасади террористон муайян гардид, ки онҳо аъзои зерини ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд:

1. Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби “Усмон”), зодаи ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”;

2. Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш “Абу Мусъаб”), зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод;

3. Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш “Убайда”), зодаи шаҳри Кӯлоб.

Бояд таъкид намуд, ки нисбат ба аъзоёни гурӯҳи террористии мазкур қаблан бо моддаи 401 прим. 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”) парванда оғоз гардида, номбурдагон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Санҷиши далелҳои мазкур тариқи сарчашмаҳои дигар айни ҳол ғайриимкон аст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” набуда, 26 апрели соли ҷорӣ, тибқи иттилои КДАМ 2 нафар аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” барои анҷом додани амалҳои террористӣ марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ убур карда буданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҳарду террорист безарар карда шуданд.

КДАМ Тоҷикистон пас аз таҳлил ва арзёбии далелҳо гуфтааст, ки амалиётҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсус мақсаднок тарҳрезӣ шудаанд.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.