Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон 50 млн доллар афзуд

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё худ 2,1 баробар зиёдтар аст. Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои […]

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё худ 2,1 баробар зиёдтар аст.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи шарқии иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқт ҷонибҳо зикр кардаанд, ки аммо бо назардошти захираву имкониятҳои васеъ ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.

“Инчунин дар рафти вохӯрӣ Завқизода аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ хадамоти матбуоти Вазорат хабар намедиҳад.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳайати ин кишвар барои иштирок дар форуми сармоягузории "Тоҷикистон – Олмон", ки рӯзи 5 сентябр дар Душанбе оғоз гардид, ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.