Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон 50 млн доллар афзуд

Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё худ 2,1 баробар зиёдтар аст.

Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи шарқии иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқт ҷонибҳо зикр кардаанд, ки аммо бо назардошти захираву имкониятҳои васеъ ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.

“Инчунин дар рафти вохӯрӣ Завқизода аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ хадамоти матбуоти Вазорат хабар намедиҳад.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳайати ин кишвар барои иштирок дар форуми сармоягузории "Тоҷикистон – Олмон", ки рӯзи 5 сентябр дар Душанбе оғоз гардид, ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...