Даргузашти Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик дар синни 67-солагӣ

Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика ва фарзанди нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамов дар синни 67-солагӣ дар пайи беморие, ки дошт дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони марҳум хабар доданд. Акбар Адҳамов солҳои охир дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии […]

Asia-Plus

Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика ва фарзанди нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамов дар синни 67-солагӣ дар пайи беморие, ки дошт дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони марҳум хабар доданд.

Акбар Адҳамов солҳои охир дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва яке аз мутахассисони хуби соҳаи физикаи назариявӣ ба ҳисоб мерафт.

Марҳум соли 1955 дар оилаи физикдони шинохтаи тоҷик ва нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон Акобир Адҳамов дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Акбар Адҳамов соли 1978 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, ҳамчун коромӯз ва аспиранти шуъбаи назарияи тазоҳуроти плазмавии Институти физика ба номи П.Н. Лебедеви Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав, ҳамзамон дар Иснтитути физика ва техникаи ба номи Султон Умаров ба ҳайси корманди Озмоишгоҳи физикаи криогеннӣ ва баъдан ҳамчун корманди калони илмии ин озмоишгоҳ то соли 2014  кор кардааст.

Ӯ соли 1987 дар Институти физикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаи номзадӣ ва соли 2002 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкилоти ҷамиятии «ЦИФРА» кушодааст.

Ӯро яке аз аввалин ташкилкунандагони мактаби техологияи итттилоотӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон медонанд.

Аз соли 2011 ин тараф блогҳо ва чандин гурӯҳро бахшида ба пешрафти илм ва техника ва ҳамчунин тиб дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бар уҳда дошт. Ҳамчунин, ин гуруҳҳо хазинаи бузургу бебаҳои аксҳои физикдонҳои шӯравии тоҷик ва Институти физикаю техникаро доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.