Масъуд Турсунзода, писари калонии Мирзо Турсунзода даргузашт

Asia-Plus

Масъуд Турсунзода, писари калонии Мирзо Турсунзода, шоири маҳбуб ва Қаҳрамони Тоҷикистон субҳи имрӯз, 12-уми сентябр, дар Душанбе даргузашт. Ӯро имрӯз дар қабристони Сариосиёи пойтахт ба хок месупоранд.

Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, сабаби марги ӯ сактаи қалб аст, ҳарчанд чанд соли охир ӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд.

Масъуд Турсунзода бо ихтисоси физик – радиотехник солҳо раҳбари Коллеҷи техникӣ (он замон сохтмон)-и Тоҷикистон буд ва вақтҳои охир дар бахши алоқаи мобилӣ фаъолият менамуд.

Мирзо Турсунзода соҳиби се фарзанд – ду писар ва як духтар буд.

Ду сол пеш, Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон, ки риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси тарҷумон дар Ироқ, сипас дар студияи дубляжи “Тоҷикфилм” ва солҳои ахир дар ширкати “Вавилон” кор кард, даргузашта буд.

Аз фарзандони Мирзо Турсунзода ҳамакнун Фирӯза Турсунзода, фарзанди калонии ин шоири шинохта дар қайди ҳаёт аст. Фирӯза Турсунзода риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, умри худро ба таҳқиқоти илмӣ бахшид ва  соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа ва профессор аст.

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар Қаротоғ ба дунё омада, соли 1977 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Мирзо Турсунзода аз соли 1939 то дами маргаш дар тӯли 38 сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1961 унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 1967 унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро ба даст оварда буд. Соли 2001, пас аз маргаш ба Турсунзода унвони аз ҳама баланди кишвар —  Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...