Масъуд Турсунзода, писари калонии Мирзо Турсунзода даргузашт

Масъуд Турсунзода, писари калонии Мирзо Турсунзода, шоири маҳбуб ва Қаҳрамони Тоҷикистон субҳи имрӯз, 12-уми сентябр, дар Душанбе даргузашт. Ӯро имрӯз дар қабристони Сариосиёи пойтахт ба хок месупоранд. Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, сабаби марги ӯ сактаи қалб аст, ҳарчанд чанд соли охир ӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд. Масъуд Турсунзода бо ихтисоси […]

Масъуд Турсунзода, писари калонии Мирзо Турсунзода, шоири маҳбуб ва Қаҳрамони Тоҷикистон субҳи имрӯз, 12-уми сентябр, дар Душанбе даргузашт. Ӯро имрӯз дар қабристони Сариосиёи пойтахт ба хок месупоранд.

Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, сабаби марги ӯ сактаи қалб аст, ҳарчанд чанд соли охир ӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд.

Масъуд Турсунзода бо ихтисоси физик – радиотехник солҳо раҳбари Коллеҷи техникӣ (он замон сохтмон)-и Тоҷикистон буд ва вақтҳои охир дар бахши алоқаи мобилӣ фаъолият менамуд.

Мирзо Турсунзода соҳиби се фарзанд – ду писар ва як духтар буд.

Ду сол пеш, Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон, ки риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси тарҷумон дар Ироқ, сипас дар студияи дубляжи “Тоҷикфилм” ва солҳои ахир дар ширкати “Вавилон” кор кард, даргузашта буд.

Аз фарзандони Мирзо Турсунзода ҳамакнун Фирӯза Турсунзода, фарзанди калонии ин шоири шинохта дар қайди ҳаёт аст. Фирӯза Турсунзода риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, умри худро ба таҳқиқоти илмӣ бахшид ва  соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа ва профессор аст.

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар Қаротоғ ба дунё омада, соли 1977 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Мирзо Турсунзода аз соли 1939 то дами маргаш дар тӯли 38 сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1961 унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 1967 унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро ба даст оварда буд. Соли 2001, пас аз маргаш ба Турсунзода унвони аз ҳама баланди кишвар —  Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.