Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад

Рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр қисме аз манотиқи Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11 – 13-уми сентябри соли ҷорӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб (дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 18-23м/с) дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон (асосан дар ноҳияҳои ҷанубӣ), шаҳри Душанбе ва […]

Рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр қисме аз манотиқи Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11 – 13-уми сентябри соли ҷорӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб (дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 18-23м/с) дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон (асосан дар ноҳияҳои ҷанубӣ), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар ин рӯзҳо баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва заррачаҳои андозаашон то 10 мкм (Рм-10) дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа паст мешавад, вале бебориш боқӣ мемонад.

Сифати ҳаво ҳоло дар Душанбе номусоид аст.

Индекси сифати ҳаво нишондиҳандаест, ки то чӣ андоза тоза ё олуда будани ҳаво дар як минтақаи муайянро нишон медиҳад. Миқёс аз 0 то 500 воҳид аст ва ба шаш категория тақсим мешавад: аз хуб то хатарнок.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи  кишвар огоҳӣ медиҳад, ки беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса худро эҳтиёт кунанд. КҲФ инчунин зарурати зуд-зуд тар тоза кардани биноҳо ва дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро тавсия медиҳад.

Дар ҳолати рух додани ҳолати изтирорӣ ба рақами 112 ё маркази вокуниши фаврӣ занг занед: -223-13-11, 93 880 28 19.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.