Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад

Asia-Plus

Рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр қисме аз манотиқи Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11 – 13-уми сентябри соли ҷорӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб (дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 18-23м/с) дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон (асосан дар ноҳияҳои ҷанубӣ), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар ин рӯзҳо баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва заррачаҳои андозаашон то 10 мкм (Рм-10) дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа паст мешавад, вале бебориш боқӣ мемонад.

Сифати ҳаво ҳоло дар Душанбе номусоид аст.

Индекси сифати ҳаво нишондиҳандаест, ки то чӣ андоза тоза ё олуда будани ҳаво дар як минтақаи муайянро нишон медиҳад. Миқёс аз 0 то 500 воҳид аст ва ба шаш категория тақсим мешавад: аз хуб то хатарнок.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи  кишвар огоҳӣ медиҳад, ки беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса худро эҳтиёт кунанд. КҲФ инчунин зарурати зуд-зуд тар тоза кардани биноҳо ва дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро тавсия медиҳад.

Дар ҳолати рух додани ҳолати изтирорӣ ба рақами 112 ё маркази вокуниши фаврӣ занг занед: -223-13-11, 93 880 28 19.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...