Қатъи ҳаракати нақлиёт дар роҳи кӯчаи А. Қаҳҳоров барои беш аз 3 моҳ

Маҳина Маҳмудова, махсус барои Asia-Plus

Аз 15-уми сентябр то 25-уми декабри соли 2023 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе (маъруф ба роҳи Мясокомбинат) қатъ мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.

Дар ин робита ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №№ 6, 43 ва хатсайри микроавтобусии №11 тағйирот ворид шуда, фаъолияти онҳо  то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи А.Қаҳҳоров истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки ин роҳ дар чаҳорчӯби тарҳе бозсозӣ мешавад, ки 13-уми марти соли ҷорӣ оғоз гардида буд. Дарозии тин роҳ 6,6 километр буда, аз хиёбони С.Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакиро фаро хоҳад гирифт.

Баъди азнавсозӣ роҳ ҳаштқатора шуда, дар барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ қитъаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.

Дар оянда ҳамчунин бунёди роҳ аз кӯчаи А.Қаҳҳоров то дарвозаи Шарқӣ бо дарозии 11,2 км ва роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат бо дарозии қариб 40 километр дар назар аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...