Як сол баъд аз муноқишаи марзӣ. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, ба рӯҳи қурбониён дуо хонданд

Дирӯз, 13-уми сентябр, дар шаҳри Исфара мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардидааст, ки дар он ҳайатҳои ду ҷониб иштирок карда, ба рӯҳи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ дуо хондаанд. Дар мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ […]

Дирӯз, 13-уми сентябр, дар шаҳри Исфара мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардидааст, ки дар он ҳайатҳои ду ҷониб иштирок карда, ба рӯҳи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ дуо хондаанд.

Дар мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар шахсони масъул иштирок кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории “Кабар”-и Қирғизистон, дар оғози вохӯрӣ ҳозирин ба хотири қурбониёни даргириҳои марзӣ дуо хонда, барои сулҳу субот дар сарҳад фотиҳа дода, ба мардуми ду кишвар саодатмандӣ таманно намуданд.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо аз кори гуруҳи кории муштарак ва сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ карданд.

“Таъкид гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти назарраси масъулони вилоятҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин буда, ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ барои таъмини субот фаъолият мекунанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки тарафҳо минбаъд низ тамоми масъалаҳои мавҷударо бо роҳи дипломатӣ ҳал намуда, ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҳаммарз замина мегузоранд.

"Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро барои идомаи иҷрои қарорҳои аз ҷониби муовини раиси Девони Вазирон – сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташиев ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов имзошуда, изҳор намуданд", – хабар медиҳад хабаргузории “Кабар”.

Бояд зикр кард, ки мулоқоти мазкур як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Расо як сол пеш, 14-уми сентябр дар марзи ду кишвар муноқиша оғоз шуд, ки он то 17-уми сентябр идома карда, садҳо қурбонӣ ва захмӣ дар пай гузошт.

Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда – зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.