Қатъи ҳаракати нақлиёт дар роҳи кӯчаи А. Қаҳҳоров барои беш аз 3 моҳ

Аз 15-уми сентябр то 25-уми декабри соли 2023 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе (маъруф ба роҳи Мясокомбинат) қатъ мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад. Дар ин робита ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №№ 6, 43 ва хатсайри микроавтобусии №11 тағйирот ворид […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои Asia-Plus

Аз 15-уми сентябр то 25-уми декабри соли 2023 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе (маъруф ба роҳи Мясокомбинат) қатъ мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.

Дар ин робита ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №№ 6, 43 ва хатсайри микроавтобусии №11 тағйирот ворид шуда, фаъолияти онҳо  то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи А.Қаҳҳоров истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки ин роҳ дар чаҳорчӯби тарҳе бозсозӣ мешавад, ки 13-уми марти соли ҷорӣ оғоз гардида буд. Дарозии тин роҳ 6,6 километр буда, аз хиёбони С.Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакиро фаро хоҳад гирифт.

Баъди азнавсозӣ роҳ ҳаштқатора шуда, дар барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ қитъаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.

Дар оянда ҳамчунин бунёди роҳ аз кӯчаи А.Қаҳҳоров то дарвозаи Шарқӣ бо дарозии 11,2 км ва роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат бо дарозии қариб 40 километр дар назар аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.