Ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад

Имрӯз ва рӯзи дигар ҳаракати нақлиёт дар қисмате аз роҳҳои Душанбе маҳдуд карда  мешавад. Ин ба ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон вобаста аст. Рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Тоҷикистон Вохӯрии V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ба пойтахти кишвар сарони чор давлати минтақа – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон меоянд. Вобаста ба […]

Имрӯз ва рӯзи дигар ҳаракати нақлиёт дар қисмате аз роҳҳои Душанбе маҳдуд карда  мешавад. Ин ба ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон вобаста аст.

Рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Тоҷикистон Вохӯрии V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ба пойтахти кишвар сарони чор давлати минтақа – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон меоянд.

Вобаста ба ин, ҳаракат дар қисмате аз роҳҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад, аз ҷумла:

– дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва хиёбони Айнӣ – аз фурудгоҳи Душанбе то мавзеи Садбарг;

– хиёбони Рӯдакӣ – аз Садбарг то Бӯстонсаройи шаҳрӣ;

– хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ – аз сероҳаи Рӯдакӣ то эстакадаи Қараболо;

– кӯчаи Низомии Ганҷавӣ то Карамова ва кӯчаи Ҳувайдуллоев то Шерализода.

Давоми ду рӯз сокинон метавонанд аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Тибқи маълумоти Раёсати БДА, дар роҳҳо тариқи дигар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт низ метавонанд маҳдудиятҳо ҷорӣ шаванд, вале  кӯтоҳмуддат.

Тавре ки гуфтем, давоми ин рӯзҳо дар Душанбе Вохӯрии V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардида, ҳамчунин баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар назар аст.

Дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии V машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ як қатор санадҳо ба имзо расанд, ки Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти ҳамасолаи маъмулан президентҳои панҷ кишвари минтақа буда, бонавбат дар яке аз ин панҷ кишвар баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.