Захираҳои тиллои Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя хеле камтар аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба миқдори 1,7 тонна зиёд шуда, то моҳи июл 7,42 тоннаро ташкил додаанд, хабар дода мешавад дар портали махсуси Goldomania.

Ин нишондиҳандаи нисбатан паст миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Туркманистон, ки маълумот дастрас нест) ва ба истилоҳ “сегонаи славянӣ” (Русия, Беларус, Украина) мебошад.

Захираҳои аз ҳама зиёди тиллои монетарӣ (пулӣ) дар Осиёи Марказиро Ӯзбекистон дар ихтиёр дорад, ки ба беш аз 377,2 тонна баробар аст. Захираҳои тиллои Қазоқистон зиёда аз 313,5 тонна ва Қирғизистон – ҳудуди 16,7 тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, захираҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ мутаносибан ба миқдори 18,6 тонна ва 46 тонна кам шуда, аз Қирғизистон баръакс – 6,5 тонна зиёд шудаанд.

Дар ин портал захираҳои тиллои Русия беш аз 3,2 ҳазор тонна, Беларус – 53,6 тонна ва Украина – 27 тонна арзёбӣ шудаанд. Аз лиҳози ҳаҷми захираҳои тилло Русия пас аз ИМА (8,1 ҳазор тонна) ва Олмон (3,4 ҳазор тонна) ба сегонаи кишварҳои пешсаф дар ҷаҳон шомил аст.

Ҳаҷми умумии тиллои монетарӣ, ки дар захираҳои байнулмилалии кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, зиёда аз 35 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Ин ҷо тиллои дар ихтиёри ниҳодҳои молии зерин қарордошта низ ба инобат гирифта мешавад:

Хазинаи байнулмилалии асъор – 2,8 ҳазор тонна;

Бонки марказии Аврупо – 506 тонна;

Бонки байнулмилалии ҳисоббаробариҳо – 102 тонна;

Бонки марказии давлатҳои Африқои Ғарбӣ- 36,5 тонна.

Тиллои монетарӣ – тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...