Фонди Оқохон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шароити таҳсилотии мактабиро беҳтар менамояд

Фонди Оқохон (AKF) ба 15 мактаби ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 1,774 миз ва 3,548 курсӣ тақдим кард, ки ин барои 4,448 мактабхон фазои омӯзиши мусоидро фароҳам мекунад. Муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Абдулозода Ҷалолхон, ки дар ҷараёни тақдими таҷҳизот иштирок дош, изҳор намуд, ки “Ҳамкорӣ байни Фонди Тоҷикистонии Оқохон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]

Маводи шарикон

Фонди Оқохон (AKF) ба 15 мактаби ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 1,774 миз ва 3,548 курсӣ тақдим кард, ки ин барои 4,448 мактабхон фазои омӯзиши мусоидро фароҳам мекунад.

Муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Абдулозода Ҷалолхон, ки дар ҷараёни тақдими таҷҳизот иштирок дош, изҳор намуд, ки “Ҳамкорӣ байни Фонди Тоҷикистонии Оқохон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ба сифати омӯзиш таъсири қобили таваҷҷуҳ дорад ва тақдими таҷҳизоти мактабӣ гувоҳи ҳамкории судманди ҷонибҳо аст”.

Харид ва тақдими таҷҳизоти мактабӣ дар доираи барномаи панҷсолаи (2018-2023) 

“Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ки аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оқохон (AKF) маблағгузорӣ мешавад ва ҳадафи умумии он вусъат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. 

Дар тӯли панҷ соли гузашта, барномаи Шукуфоии Тоҷикистон бо шӯъбаҳои маориф дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф ҳамкориро ба роҳ монд, то ки иқтидору малакаҳои касбии омӯзгорони деҳотиро баланд бардорад ва тренингҳои видеоӣ ва ҳузурӣ гузаронад.

Инчунин, кор бо мактабҳо ба воситаи ҳамкории зич баҳри рушди малакаҳои хонандагон, фаъолиятҳои ғайридарсӣ ва устувории молиявию амалии марказҳои рушди бармаҳали кӯдакон, тақвият дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.