Оғози курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия

Дар шаҳрҳои Русия курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба кор оғоз намуданд. Курсҳо аз ҷониби Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳои Русия ҷиҳати шиносоии муҳоҷирони меҳнатӣ бо асосҳои қонунгузории Русия ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеаи ин кишвар роҳандозӣ шудаанд. Барнома аз якчанд мавзӯъҳои калидӣ иборат аст: қонунгории меҳнат дар бахши муҳоҷират, расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, […]

Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Русия курсҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба кор оғоз намуданд. Курсҳо аз ҷониби Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳои Русия ҷиҳати шиносоии муҳоҷирони меҳнатӣ бо асосҳои қонунгузории Русия ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеаи ин кишвар роҳандозӣ шудаанд.

Барнома аз якчанд мавзӯъҳои калидӣ иборат аст: қонунгории меҳнат дар бахши муҳоҷират, расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин меъёрҳои муҳими рафтор ҳам дар ҷойҳои ҷамъмиятӣ ва ҳам дар худи ҷомеаи Русия бо назардошти махсусиятҳои фарҳангии маҳаллӣ, хабар медиҳад Rg.ru.

Роҳбари Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳои Русия Игор Баринов муҳиму рӯзмарра будани ин курсҳоро бахусус дар пасманзари мушкилоти марбут ба рафтори бархе аз муҳоҷирон таъкид доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти аз ҷониби Агентӣ доиргардида нишон додаанд, ки қисмате аз муҳоҷирон мехоҳанд, ки меъёрҳои шариатро риоя намуда, ҳатто омодаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ мутобиқи ин меъёрҳо дар чорабиниҳои эътирозӣ иштирок кунанд. Баринов мегӯяд, ба ин касе халал намерасонад, лекин ҳамааш бояд дар доираи қонун бошад.

“Вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки вазъи муташанниҷ дар муҳити муҳоҷират коҳиш ёфта, саводнокии ҳуқуқии онҳо баланд гардад, то мардум бидонанд, ки чӣ кор кардан мумкину кадомаш ммумкин нест ва чӣ амал ногузир боиси ҷазо мегардад. Агар онҳо мисле ки дар Нижний Новгород гӯсфандро дар майдончаи бачагонаи мактаб забҳ кунанд, пас масъулият пайдо мешавад”, – гуфтааст Баринов дар мусоҳиба бо ТАСС.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки масъалаҳои муҳоҷират дар солҳои охир яке аз ҳассос ва мушкилтаринҳост.

«Агар мушкилот дар соҳаи сиёсати миллии давлатиро ба назар бигирем, маҳз муҳоҷират яке аз масъалаҳои доғу рӯзмарра буда, бештар эҳсосоти мардумро ба вуҷуд меорад. Мо яке аз кишварҳои сермиллати ҷаҳон буда, қариб дар ҳар як минтақа таҷрибаи муоширати байнифарҳангӣ амал мекунад. Аммо рафтори нодурусти одамоне, ки анъанаҳо, фарҳанг, меъёрҳои ҳуқуқии моро қабул кардан намехоҳанд, боиси хашму ғазаб ва муноқишаҳо мешавад”, – гуфтааст ӯ.

Аз ин рӯ, имсол тасмим гирифта шудааст, ки аз бунёди марказҳои нав даст кашида, дар заминаи Маркази бисёрсоҳавӣ (МФЦ) курсҳо кушода шаванд. Баринов изҳор доштааст, ки курсщои мутобиқшавӣ барои хориҷиён аз моҳи июл дар вилояти Маскав, Калининград, Перм, кишвари Краснодар ва Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) ба кор оғоз намудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.