“Ҳақи худро мегирем”. Посухи сухангӯи Толибон ба Шавкат Мирзиёев

Date:

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон* дар вокуниш ба иддаои раиси ҷумҳури Ӯзбекистон оид ба бунёди канали Қӯштеппа ва таъсири он ба низоми ҷории оби Осиёи Марказӣ, гуфтааст, ки “Афғонистон бо бунёди канали мазкур ҳаққи ҳеҷ кишвареро талаф накарда, саҳми худро аз дарёи Аму гирифтааст”.

Дар ин бора телеграм-канали “Тулӯънюз” хабар медиҳад. Ин расона шарҳи бештаре надодааст ва ин ҳарфи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ нав нест. Толибон қаблан низ ин мавқеъро баён карда буданд.

Бояд гуфт, ки Шавкат Мирзиёев рӯзи 15-уми сентябр дар Душанбе зимни нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал бори аввал масъалаи бунёди канали Қӯштеппаро ба баррсӣ кашида, гуфт, ки ҳокимони феълии Кобул ба гуфтугӯҳо дар масъалаи оби минтақа ҷалб карда шаванд.

“Ба ин назарем, ки бояд гуруҳи кории муштарак барои баррасии тамоми паҳлӯҳои тарҳи канали “Қуштеппа” ва таъсири он ба низоми обӣ дар ҳавзаи рӯдхонаи Ому бо истифода аз пажуҳишгоҳҳои кишварҳои мо таъсис дода шавад”, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Мирзиёев ҳамчунин, таъкид намуд, ки дар минтақа дар мавриди истифодаи об бозигари наве ба вуҷуд омадааст, ки “дар назди кишварҳои мо ягон уҳдадорӣ надорад”.

Қаблан намояндагони Ӯзбекистон доир ба бунёди канали Қӯштеппа андешаи худро иброз намуда буданд ва  барои баррасии он ба кишвари Афғонистон низ сафар карда буданд. Онҳо ҳатто пешниҳод карда буданд, ки канали мазкурро якҷо бунёд кунанд.

Аммо ин бори аввал, ки Шавкат Мирзиёев дар бораи канали мазкур мавқеи худро баён мекунад.

Роҳбарони дигар кишварҳои минтақа, ки дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал иштирок доштанд, аз ибрози андеша дар бораи бунёди канали мазкур худдорӣ намуданд.

Дар бораи канали Қӯштеппа ва паёмадҳои он метавонед аз матлаби “Паёмади ҳидрополитикии канали Қӯштеппа. Нигаронии кишварҳои минтақа ва таскини Толибон” маълумоти муфассал пайдо кунед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...