Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тавре ки Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок мекунанд.

“Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис кардаанд”, – омадааст дар хабари Марказ.

Гуфта мешавад, даври сеюми имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм –  А ва Б дар як рӯз – 17-уми сентябр дар 26 маркази имтиҳонӣ дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – 4 ноҳияи пойтахт, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд.

“Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад”, – маънидод мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки бо дарназардошти камбуди ҷиддии донишҷӯён дар макотиби олии Тоҷикистон, ки дар соли хониши ҷорӣ нисфи синфҳо холӣ монданд, тасмим гирифта шуд, ба довталабоне, ки аз ду даври қаблии имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ нагузаштаанд, имкони дигари дохилшавӣ фароҳам оварда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...