Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд

Дар Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид. Тавре ки Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок […]

Дар Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тавре ки Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок мекунанд.

“Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис кардаанд”, – омадааст дар хабари Марказ.

Гуфта мешавад, даври сеюми имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм –  А ва Б дар як рӯз – 17-уми сентябр дар 26 маркази имтиҳонӣ дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – 4 ноҳияи пойтахт, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд.

“Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад”, – маънидод мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки бо дарназардошти камбуди ҷиддии донишҷӯён дар макотиби олии Тоҷикистон, ки дар соли хониши ҷорӣ нисфи синфҳо холӣ монданд, тасмим гирифта шуд, ба довталабоне, ки аз ду даври қаблии имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ нагузаштаанд, имкони дигари дохилшавӣ фароҳам оварда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.