Афзоиши назарраси содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи август

Дар моҳи авшусти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 22,2 млн доллар неруи барқ содир шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда мутаносибан 3,2 млн доллар ва 5,5 млн доллар зиёдтар нисбат ба моҳҳои июл ва июни соли равон аст. Ба сурати умум, дар зарфи 8 моҳи соли равон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳи авшусти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 22,2 млн доллар неруи барқ содир шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда мутаносибан 3,2 млн доллар ва 5,5 млн доллар зиёдтар нисбат ба моҳҳои июл ва июни соли равон аст.

Ба сурати умум, дар зарфи 8 моҳи соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ беш аз 85,1 млн доллар даромад ба даст овард, ки 3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Аввали ҳамин сол танҳо бо ширкатҳои ду кишвар – Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли барқ қарордодҳо ба имзо расида буданд.

Ин кишварҳо дар давраи тобистон дар ҳаҷмҳои пешакӣ пешбинишуда барқ мегиранд. Афзоиши ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба гумони ғолиб, ба интиқоли қаблан пешбининашуда ба Қазоқистон вобаста аст.

Гап сари он аст, ки 25 августи соли равон президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона ба сарвари давлати мо барои интиқоли об ва барқ изҳори миннатдорӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки тобистони ҳамин сол кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби гармои шадид ба камбуди барқ дучор шуданд.

Аз ҷумла, сокинони вилояти Суғди Тоҷикистон низ аз камбуди неруи барқ арзу шикоят доштанд.

Мақомоти маҳаллӣ ва ширкатҳо ҷорӣ шудани лимитро қотеъона рад намуда, қатъи барқро чун ҳамеша “баргузории корҳои таъмир” маънидод мекарданд.

Охири моҳи июл раҳбарияти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар дод, ки мушкилот ба он вобаста аст, ки бар асари гармои шадид кори пойгоҳҳои обкашӣ барои қонеъ сохтани талабот барои обёрӣ дар вилояти Суғд зиёд шудааст.

Вазъ дар минтақа танҳо аввали моҳи август тариқи роҳандозии интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба эътидол оварда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, аз 1 август шабакаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар самти ҷанубу ғарб хати нави интиқоли барқ ба ҳам пайваст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин хат тибқи қарордодҳои пешакии ҷонибҳо, ҳамзамон интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба вилояти Суғд оғоз шуд, ки ба таъмини пурраи минтақаи шимол бо барқ мусоидат кард.

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави вилояти Суғд барои таъмини пурраи минтақа бо барқ иқтидорҳо кофӣ нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.