Пагоҳ дастаи “Истиқлол” бо “Ал-Дуҳайл” дар Душанбе бозӣ мекунад

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Пагоҳ, 19-уми сентябр,  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Ал-Дуҳайл” (Қатар) баргузор мешавад. Бозӣ соати 21:00 оғоз мегардад.

Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24,  қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ба гурӯҳи “Е” шомил аст.

Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеполис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиёи қаблӣ дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври севум аз бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардида буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Қаҳрамони кунунии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Урава Ред Даймонс”-и Япония мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...