Хонанда ҳасту мактаб нест. Мушкили 8 – солаи шаҳраки Баҳористон кай ҳал мешавад?

Даҳҳо сокини шаҳраки навбунёди Баҳористон дар вилояти Суғд шикоят мекунанд, ки қариб 8 сол мешавад мактаб надоранд ва муроҷиати онҳо ба мақомоти дахлдор натиҷае намедиҳад. Шаҳрак дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, дар он оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан кӯчида омадаанд. Масъулин мегӯянд, ки аз мушкил огоҳанд ва барои ҳалли […]

Даҳҳо сокини шаҳраки навбунёди Баҳористон дар вилояти Суғд шикоят мекунанд, ки қариб 8 сол мешавад мактаб надоранд ва муроҷиати онҳо ба мақомоти дахлдор натиҷае намедиҳад. Шаҳрак дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, дар он оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан кӯчида омадаанд. Масъулин мегӯянд, ки аз мушкил огоҳанд ва барои ҳалли он кӯшиш мекунанд.

“Мехоҳам фарзандам бо забони тоҷикӣ таҳсил кунад”

Истам Соҳибов, як сокини шаҳраки Баҳористон аст, ки 7 сол пеш аз деҳаи Овчӣ, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич кӯчида омадааст. Ӯ мегӯяд, вақте барояш қитъаи замин ҷудо карданд, ваъда доданд, ки шароит барои зиндагӣ ва таҳсил фароҳам карда мешавад, аммо бо гузашти 7 сол, масъулин ба ваъдаи худ вафо намекунанд.

“Соли 2015 ба мо аз шаҳраки Баҳористон қитъаи замин ҷудо карда доданд. Он замон ваъда буд, ки дар шаҳрак инфрасохтори зарурӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла, гуфта буданд, ки бо обу барқ таъмин мекунанд, мактабу бунгоҳи тиббӣ ва боғчаву роҳ месозанд. Бо гузашти 8 сол мушкили обу барқро қисман ҳал карданд, аммо дигар муаммоҳо ҳанӯз вуҷуд дорад. Махсусан, бунёди мактаб ба гӯшу хаёли касе намерасад ва ин барои мо мушкили аслӣ мебошад”, – мегӯяд Соҳибов.

Истам Соҳибов мегӯяд, чаҳор фарзанди мактабхонашро маҷбур ба мактаби деҳаи дигар – Яхтан, ки аз шаҳраки Баҳористон хеле дур аст, бурдааст.

“Бар замми ин, таҳсил дар ин мактаб бо забони ӯзбекӣ аст. Ман мехоҳам фарзандонам бо забони тоҷикӣ таҳсил кунанд”, – зикр кард Истам Соҳибов.

Бунёд Гадоев, сокини дигари шаҳраки Баҳористон мебошад, ки аз деҳаи Қалъаи дӯстӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич кӯчида омадааст. Ӯ ҳам чаҳор фарзанди мактабхон дошта, аз адами мактаб дар шаҳрак ва дурии мактаби деҳаи Яхтан шикоят дорад.

“Пеш аз оғози таҳсил ба шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич рафтем. Бори дигар аз мушкили мактаб ёдовар шудем. Гуфтем, ки ҳадди ақал барои ба мактаби Яхтан бурдани фарзандони мактабхонамон нақлиёт ҷудо кунед, аммо посухи рад гирифтем”, – мегӯяд Бунёд Гадоев.

Ба қавли ӯ, роҳ миёни шаҳраки Баҳористон ва мактаби деҳаи Яхтан дарозу пурчангу ғубор аст. Муҳимтар аз ин, роҳ хеле хатарнок аст, чун аз шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд мегузарад ва мошинҳо дар ин роҳ бо суръати баланд ҳаракат мекунанд.

“Дар ин роҳ бисёр садамаи нақлиётӣ рух медиҳад ва фарзандонро намешавад танҳо ба дарс гусел кард. Аз ин лиҳоз мо – волидон овораву сарсонем. Якҷо маслиҳат карда, нақлиётеро барои ба мактаб бурдани фарзандон киро кардем, аммо ӯ маблағи зиёд талаб кард. Барои 1 рӯз 400 сомонӣ талаб кард, ки ин барои мо хеле гарон аст”, – гуфт Бунёд Гадоев.

“Ҳадди ақал рафтуомади хонандагонро ба мактаб таъмин кунанд”

Ӯ аз масъулини ноҳия хоҳиш дорад, ки то замони бунёди мактаб, хонандагонро ҳадди ақал бо нақлиёт таъмин намоянд.

“Дар пеш зимистон аст, ҳаво сард ва рӯзҳо кӯтоҳ мешавад. Сагҳо ва ҳатто гургҳо дар роҳҳо мегарданд ва ин ҳама барои хонандагони мактаб хатарнок аст”, – бо изтироб мегӯяд Бунёд Гадоев.

Истаму Бунёд танҳо нестанд. Мисли ӯ садҳо нафар дар ин шаҳрак зиндагӣ мекунанд. Пас аз 8 сол аксари онҳо аз он нигаронанд, ки масъулин ваъдаи фароҳам кардани тамоми инфрасохторро додаву имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридаанд.

Раис: “Бунгоҳи тиббӣ месозем, мактабро мебинем”

Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич рӯзи якуми сентябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, аз мушкили мардуми шаҳраки Баҳористон огоҳ аст ва барои ҳалли он кӯшиш мекунад.

“Мардум пештар барқ надоштанд ва аввали баҳори имсол 20 ҳазор сомонӣ аз буҷет ҷудо карда, трансформатор ва хатти барқ гирифтем. Об ҳам ҳал шуда истодааст. Бунгоҳи тиббиро кӯшиш мекунем дар кутоҳтарин фурсат сохта ба истифода диҳем. Дар масъалаи бунёди мактаб ҳам вобаста ба шароит кӯшишҳо дорем.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бунёди шаҳраки Баҳористон соли 2015 бо иштироки роҳбари давлат оғоз шуда буд. Он замоне гуфта мешуд, ки ба ин шаҳрак сокинони эҳтиёҷманди шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич мекӯчанд.

Он замон таъкид мегардид, ки нақшаи генералии шаҳраки Баҳористон аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, аз тарафи шӯрои шаҳрсозии Агентии меъморӣ ва сохтмон қабул карда шудааст. Дар ҳудуди шаҳраки Баҳористон ба 3 ҳазору 630 оилаи эҳтиёҷманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, котеҷҳо ва биноҳои баландошёна қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.

Дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақшаи генералӣ бунёди бинои маъмурии шаҳрак, 1 беморхона, 2 дармонгоҳ,  4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони 3 га боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 котеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо гузашти 8 сол, дар воқеъ аз ин ваъдаҳо аксар иҷро нашуда, дар ин макон ҷуз чанд хонаи истиқоматӣ, чизе нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.