Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мешавад

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Аз 24 то 29-ми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад. Дар он театрҳои касбии лӯхтак аз кишварҳои ИДМ ва лӯхтакбозони кишварҳои дурдаст иштирок мекунанд. Дар ин бора аз Театри давлатии «Лӯхтак»Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи лӯхтакҳои театрӣ, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик ва баланд бардоштани тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон (Ашқобод) бори аввал дар ҷашнвораи “Чодари хаёл” ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театри “Лӯхтак”-и пойтахт, театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон ва театри лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар намояндагӣ мекунанд.

Театри “Лӯхтак” намоишномаи “Маликаи маккор”-ро, ки муаллифи он Ҳотам Салимов ва коргардонаш Зафар Ҷаводов мебошанд, намоиш медиҳад.

Театри “Бӯстон” намоишномаи “Ҳинди тиллоӣ”-ро ба забони русӣ ва театри лӯхтаки ба номи Афсона “Хари маккор”-ро ба забони помирӣ намоиш медиҳанд.

Ёдовар мешавем, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии ҳукумат аз соли 2007 инҷониб Театри давлатии лӯхтак аллакай 6 ҷашнвораи байналмилалӣ баргузор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...