Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мешавад

Аз 24 то 29-ми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад. Дар он театрҳои касбии лӯхтак аз кишварҳои ИДМ ва лӯхтакбозони кишварҳои дурдаст иштирок мекунанд. Дар ин бора аз Театри давлатии «Лӯхтак»-и Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд. Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи лӯхтакҳои театрӣ, эҳё ва […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Аз 24 то 29-ми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад. Дар он театрҳои касбии лӯхтак аз кишварҳои ИДМ ва лӯхтакбозони кишварҳои дурдаст иштирок мекунанд. Дар ин бора аз Театри давлатии «Лӯхтак»Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи лӯхтакҳои театрӣ, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик ва баланд бардоштани тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон (Ашқобод) бори аввал дар ҷашнвораи “Чодари хаёл” ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театри “Лӯхтак”-и пойтахт, театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон ва театри лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар намояндагӣ мекунанд.

Театри “Лӯхтак” намоишномаи “Маликаи маккор”-ро, ки муаллифи он Ҳотам Салимов ва коргардонаш Зафар Ҷаводов мебошанд, намоиш медиҳад.

Театри “Бӯстон” намоишномаи “Ҳинди тиллоӣ”-ро ба забони русӣ ва театри лӯхтаки ба номи Афсона “Хари маккор”-ро ба забони помирӣ намоиш медиҳанд.

Ёдовар мешавем, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии ҳукумат аз соли 2007 инҷониб Театри давлатии лӯхтак аллакай 6 ҷашнвораи байналмилалӣ баргузор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.