Вазорати тандурустӣ: “Вируси “Нипах” алҳол ба Тоҷикистон хатаре надорад”

Айни замон хатари паҳншавии вируси “Нипах” дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аз сирояти он дар Ҳиндустон ду нафар фавтиданд. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар дар ин робита таъкид дошт, ки барои ташвишу нигаронӣ ҳоло ҳеҷ асосе нест. “Айни замон ҳеҷ гуна хатари эпидемия вуҷуд надорад. Танҳо дар […]

Айни замон хатари паҳншавии вируси “Нипах” дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аз сирояти он дар Ҳиндустон ду нафар фавтиданд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар дар ин робита таъкид дошт, ки барои ташвишу нигаронӣ ҳоло ҳеҷ асосе нест.

“Айни замон ҳеҷ гуна хатари эпидемия вуҷуд надорад. Танҳо дар Ҳиндустон ҳамагӣ ду ҳолати марговар ба қайд гирифта шудааст. Сохторҳои салоҳиятноки Тоҷикистон вазъро ҷиддӣ пайгирӣ дошта, агар лозим ояд, барои пешгирии ин сирояти хатарнок дар кишвар омодаанд”, – таъкид дошт Ҷаъфаров.

Вирус дар шаҳри Кожикода, ки дар Керол воқеъ аст, ошкор шуд.

Вазири иёлат (штат)-и Пинараи Ваҷаян аз аҳолӣ даъват кардааст, ки натарсида, аз эҳтиёт кор гиранд. Мақомот тестгирии оммавиро оғоз намуда, муассисаҳои таълимӣ кор намекунанд ва аҳолии маҳаллӣ огоҳ карда мешавад.

Тавре ки CNN хабар медиҳад, то ин дам мақомоти иёлат зиёда аз 700 нафарро ошкор кардаанд, ки бо сироятёфтагон ва фавтидагон робита доштаанд.

Зиёда аз 70 нафари онҳо ба гурӯҳи хавфи баланди гирифторӣ ба беморӣ мансуб дониста шуда, дар алоҳидагӣ доимо зери муоинаи табибон қарор доранд.

Вируси Нипах чист?

Вируси Нипах ба оилаи парамикровирусҳо дохил шуда, тариқи кӯршабпаракҳои навъи гуногун интиқол меёбад.

Сироят ҳам зимни вохӯрӣ бо ин ҳайвонот ва ҳам истеъмоли меваҳое, ки онҳо расидаанд, инчунин ҳама гуна алоқаи ҷисмонӣ бо шахси сироятёфта сурат гирифта метавонад.

Ин вирус соли 1999 дар Малайзия ошкор шуд. Он замон қариб 300 нафар аз он сироят ёфта, беш аз 100 нафарашон фавтиданд.

Аз он замон хуруҷи он дар чанде аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Керал ин хуруҷи чоруми “Нипах” аз соли 2018 аст.

Аломатҳои вирус

Давраи инкубатсионӣ 4-14 рӯз давом мекунад. Ҳарчанд ҳолатҳое буданд, ки нишонаҳо 45 рӯз пас аз сироят пайдо шудаанд.

Беморӣ метавонад бе аломат ё шадид ҷараён гирад.

Аломатҳо иборатанд аз: ҳарорати баланд, дарди сар, дарди мушакҳо, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, дарди гулӯ, чарх задани сар, хоболудӣ.

Нипах чӣ хатар дорад?

Фавт дар 40-70%-и ҳолатҳо рух медиҳад.

Дар наҷотёфтагон, вирус ба бофтаҳои асаб ва роҳҳои нафас таъсир мерасонад, аз ин рӯ, оқибаташ метавонад хеле мушкил будани нафаскашӣ, рагкашӣ ва фалаҷи муваққатӣ бошад.

Муҳаққиқон муайян карданд, ки вируси Нипах ба ҳуҷайраҳои асаб ва эндотелиалӣ таъсир мерасонад.

Олимон бар ин назаранд, ки вирус аввал ба системаи нафаскашӣ ҳамла карда, сипас ба системаи асаб ва майна паҳн мешавад.

Дар ҳолатҳои вазнин, энтсефалит (раванди илтиҳобии майна) ва рагкашӣ инкишоф ёфта, пас аз 24-48 соат кома пайдо мешавад.

Оё меваҳои Ҳиндустон сирояткунандаанд?

Тоҷикистон аз Ҳиндустон меваҳои гуногун – себ, нок, киви, анҷир, мандарин, банан, ананас, афлесун ворид мекунад.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар 7 моҳи соли 2023 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон  ҳудуди 55,6 млн долларро ташкил додааст, ки 26,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Аз ин маблағ интиқоли молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон ҳамагӣ 100 ҳазор долларро ташкил додааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки вирус дар рӯи замин (сатҳи болоӣ) чӣ қадар вақт зинда мемонад.

Аммо барои бехатарӣ сокинони Тоҷикистон бояд пеш аз истеъмол меваҳоро хуб шуста, пӯсташро тоза кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.