Баъди мувофиқа бо Шӯрои бадеӣ! Минбаъд китобҳо танҳо бо иҷозаи Вазорати фарҳанг нашр мешаванд?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чопи китобҳоро ҷиддӣ назорат кунад, аз ин лиҳоз, минбаъд нашриёту матбааҳои давлативу хусусӣ тамоми намуди китобҳоро танҳо баъд аз мувофиқа бо Шӯрои бадеъии Вазорати фарҳанг нашр хоҳанд кард. Дар ин бораи пойгоҳи иттилоотии halva.tj бо истинод ба суханронии Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги кишвар иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин […]

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чопи китобҳоро ҷиддӣ назорат кунад, аз ин лиҳоз, минбаъд нашриёту матбааҳои давлативу хусусӣ тамоми намуди китобҳоро танҳо баъд аз мувофиқа бо Шӯрои бадеъии Вазорати фарҳанг нашр хоҳанд кард.

Дар ин бораи пойгоҳи иттилоотии halva.tj бо истинод ба суханронии Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги кишвар иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, муовини вазири фарҳанг ин суханони худро зимни иштирок дар семинар-машварате, ки рӯзи 15-уми сентябр бо ҳузури масъулини соҳаи табъу нашр ва матбуот баргузор гардид, зикр намудааст.

Аммо сабаби тасмими мазкурро Давлат Сафарзода шарҳ надодааст ва ҳам нагуфтааст, ки қарори мазкур кай расман ҷорӣ мешавад. Танҳо афзудааст, ки “интиқод ҳам ҳудуд ва таърифу тавсиф ҳам як меъёр дорад”.

Бояд гуфт, ки тасмими мазкур баъди ҳаводиси рӯзҳои охири кишвар дар атрофи нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и роҳбари беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода гирифта мешавад. Ин китоб, ки дар нашриёти хусусии “Эр-Граф” нашр шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Гурӯҳе онро асари шарҳиҳолӣ унвон карда бошанд, теъдоде муҳтавои баъзе аз қисматҳои онро қобили қабул надонистанд.

Нафароне ҳам буданд, ки пешниҳоди барқарор кардани “Главлит”, ниҳоде, ки замони Шӯравӣ нашри китобҳоро назорат мекард, шуданд ва зикр карданд, ки тамоми китобҳо бояд пеш аз нашр аз назари мақомоти масъули давлатӣ гузарад.

Оқибат баҳсҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷӯшзада бо боздошти муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва Қодири Рустам, яке аз нависандагони номаш дар асар зикршуда анҷомид.

Додситони кул ҳардуи онҳоро барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ гумонбар медонад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мувофиқи “Қонуни фаъолияти ноширӣ ва полиграфии Тоҷикистон” ноширон дар масъалаи чопи китобҳо озод буда, сонсури мақомот дар фаъолияти онҳо манъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.