Рустами Эмомалӣ ба ғолибони Бозиҳои Осиё хона ваъда кард

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон ваъда дод, ки барои дастоварди назаррас дар Бозиҳои Осиё онҳоро бо манзил таъмин мекунад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт дар саҳифааш дар Фейсбук. Рустами Эмомалӣ дирӯз, 18 сентябр бо варзишгарон вохӯрда, барои натиҷаи арзанда дар Бозиҳои Осиё ба онҳо мукофотҳои арзанда ваъда кард. Ба гуфтаи ӯ, варзишгароне, ки дар Ханчжоу […]

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон ваъда дод, ки барои дастоварди назаррас дар Бозиҳои Осиё онҳоро бо манзил таъмин мекунад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт дар саҳифааш дар Фейсбук.

Рустами Эмомалӣ дирӯз, 18 сентябр бо варзишгарон вохӯрда, барои натиҷаи арзанда дар Бозиҳои Осиё ба онҳо мукофотҳои арзанда ваъда кард.

Ба гуфтаи ӯ, варзишгароне, ки дар Ханчжоу медалҳои тилло ба даст меоранд, дар Душанбе ба хонаҳои сеҳуҷрагӣ таъмин мешаванд. Ба варзишгароне, ки медалҳои нуқра дарёфт мекунанд, хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ – хонаи якҳуҷрагӣ тақдим мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст.

Дар Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу Тоҷикистонро зиёда аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки теъдоди рекордӣ барои ҷумҳурии мо аст.

Аз 40 навъи варзиши дар барномаи бозиҳо зикршуда варзишгарони тоҷик дар 18 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш – нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.