Соли 2023 дар Тоҷикистон 5,5% болоравии нарху тарифҳо дар назар аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) дар тағйирёбии пешгӯиҳо оид ба мизони таваррумо дар Тоҷикистон барои солҳои 2023 ва 2024 ба самти поинравӣ маълумот дод. Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё”, ки рӯзи 20 сентябр нашр шуд, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 дар сатҳи 5,5% ва дар соли 2024 – 6% пешгӯӣ шудааст.

Дар гузориши моҳи апрели БОР афзоиши нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар соли 2023 дар сатҳи 7% ва соли 2024 – 6,5% пешбинӣ гардида буд.

Дар гузориши нав зикр мегардад, ки фишори таваррум дар Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ аз пешбинишуда тезтар паст шуда, ба бозбинии пешгӯиҳои таваррум дар солҳои 2023 ва 2024 ба самти поинравӣ водор кард.

“Сатҳи таваррум аз 8,3% дар моҳи июни соли 2022 то ба 2,4% дар моҳи июни соли 2023 якбора коҳиш ёфт”, – навиштаанд мутахассисони БОР.

Таъкид мешавад, ки таваррум бо он ҷилавгирӣ шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми соли 2023 меъёри бозтамвилро ду маротиба коҳиш дод: дар моҳи феврал аз 13,0% то 11,0% ва дар моҳи май то 10,0%.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар нимаи аввали соли 2023 арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ 7,0% беқурб шуда, аммо дар баробари рубли русӣ 11,4% боло рафт.

"Бо дарназардошти ин тағйирот ва сарфи назар аз болоравии пешбинишудаи тарифҳои коммуналӣ, ин навсозӣ пешгӯиҳои таваррумро барои солҳои 2023 ва 2024 коҳиш медиҳад", – гуфта мешавад дар гузориш.

Дар он таъкид мешавад, ки болоравии тибқи нақша пешбинишудаи тарифҳои коммуналӣ дар нимсолаи аввал ба нимаи дуюми соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.

Муаллифони гузориш мушаххас накардаанд, ки то поёни соли ҷорӣ қимати кадом хидматрасониҳои коммуналиро боло мебаранд.

Барқ ё об?

Ба гумони ғолиб, дар бораи болоравии тарифҳо ба неруи барқ сухан меравад. Зеро раҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тобистони соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки тарифҳо ба оби нӯшокӣ дар солҳои наздик боло бурда намешаванд.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои неруи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.

Солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз бори навбатӣ боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.

Ахиран тарифҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), 1 октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат неруи барқ 26,51 дирам пардохт мекунад.

Дуруст аст, ки аз 1 январи соли 2023 тариф барои ТАЛКО низ то 15,57 дирам (давоми тамоми сол) боло бурда шуд.

То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел – 11,80 дирам) пардохт мекард.

Дигар категорияҳои истеъмолгарон барои истифодаи барқ айни замон бо тарифҳои зерин маблағ пардохт мекунанд:

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 26,51 дирам;

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр – 9,2 дирам) ва аз 1 октябр то 31 март – 26,51 дирам;

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 9,2 дирам;

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 12,6 дирам;

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр – 10,64 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел – 60,65 дирам;

– барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 45,51 дирам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...