Нархи барқ барои “Ширкати алюминии тоҷик” қариб 64% боло рафт

Тарифи барқ барои ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) аз 1 январи соли ҷорӣ 15,67 дирамро ташкил медиҳад, хабар дод имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Ивайло Стоянов. То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1 май то 30 сентябр – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тарифи барқ барои ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) аз 1 январи соли ҷорӣ 15,67 дирамро ташкил медиҳад, хабар дод имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Ивайло Стоянов.

То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам ва аз 1 октябр то 30 апрел – 11,80 дирам) пардохт мекард.

Ба гуфтаи Стоянов, шурӯъ аз 1 январ ТАЛКО барои неруи барқ бо тарифи ягона пардохт мекунад, ки тамоми сол амал хоҳад кард.

Боло бурдани тарифҳоро барои ин ширкат ӯ дар навбати аввал чунин маънидод кард, ки ба ин васила кумаки молиявӣ (субсидия)-и як истеъмолгар аз ҳисоби дигарон бартараф карда мешавад.

Гап сари он аст, ки тарифҳо барои ин ширкат тайи даҳсолаи ахир тағйир намеёфтанд, ҳарчанд барои дигар категорияҳои истеъмолгарон мунтазам зиёд карда мешуданд: то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан – ҳамасола.

Дуруст аст, ки давоми солҳои 2020-2021 бар асари оқибатҳои пандемияи COVID-19, арзиши неруи барқ барои ҳеҷ кадоме аз категорияҳои истеъмолгарон зиёд карда нашуд.

Тарифҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ТАЛКО, ахиран 1 октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат неруи барқ 26,51 дирам пардохт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар санад зикр мешавад, ки агар истифодаи моҳонаи барқ бо мақсадҳои маишӣ аз 10 ҳазор кВт/соат зиёд шавад, истеъмолгар барои ҳар як киловатти барзиёд тибқи тариф барои истеъмолгарони саноатӣ пардохт мекунад.

Тариф барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ айни замон 60,65 дирамро ташкил медиҳад.

Дигар категорияҳои истеъмолгарон барои истифодаи барқ бо тарифҳои зерин маблағ пардохт мекунанд:

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 26,51 дирам (аз 22,66 дирами амалкунанда);

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 апрел то 30 сентябр – 9,2 дирам (пештар амалкунанда – 7,87 дирам) ва аз 1 октябр то 31 март – 26,51 дирам (пештар амалкунанда – 22,66 дирам;

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 9,2 дирам (пештар амалкунанда 7,87 дирам);

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 12,6 дирам (пештар амалкунанда – 10,76 дирам);

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр – 10,64 дирам (пешина – 9,68 дирам) ва аз 1 октябр то 30 апрел – 60,65 дирам (пешина – 55,14 дирам);

– барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 45,51 дирам (пештар амалкунанда – 40,37 дирам).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.