Додгоҳе дар Маскав як зодаи Тоҷикистонро барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум кард

Меҳроҷ Ҳайдарови 29-сола, як зодаи Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳе дар шаҳри Маскав барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ ва адои хидмати ҳарбӣ гунаҳкор эътироф шуда, ба 5 соли ҳабси шартӣ маҳкум гардидааст. Ӯ бемории модарзодӣ, яъне мушкили шунавоӣ доштааст. Дар ин бора телеграм-канали “Военные адвокаты” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин манбаъ, Меҳроҷ Ҳайдаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, […]

Меҳроҷ Ҳайдарови 29-сола, як зодаи Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳе дар шаҳри Маскав барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ ва адои хидмати ҳарбӣ гунаҳкор эътироф шуда, ба 5 соли ҳабси шартӣ маҳкум гардидааст. Ӯ бемории модарзодӣ, яъне мушкили шунавоӣ доштааст.

Дар ин бора телеграм-канали “Военные адвокаты” хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Меҳроҷ Ҳайдаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, барои сафарбаркунӣ ба ҷанги Русия дар Украина даъват шудааст. Ӯ, ки беморӣ – мушкили шунавоӣ доштааст, бовар кардааст, ки аз сафарбарӣ озод хоҳад шуд.

“Кормандони комиссариати ҳарбӣ бо ваъдаи озод шудан аз сафарбарӣ ӯро водор мекунанд, ки “ҳуҷҷатҳои заруриро” имзо намояд. Ӯ ҳуҷҷатҳоро нахонда, варақаи сафарбарии ихтиёриро имзо кардааст”, – менависад ин пойгоҳ.

Гуфта мешавад, ки ӯро ба қисми ҳарбӣ мефиристанд, аммо Ҳайдаров пас аз чанде қисми ҳарбиро тарк мекунад, зеро даъвати худ ба хидматро ғайриқонунӣ ҳисобидааст. Пас аз панҷ моҳ ӯ дар метрои Маскав боздошт гардида, нисбати ӯ бо моддаи 337, қисми  5 Кодекси ҷиноятии Русия парванда оғоз гардидааст.

Ҳамин тавр, додгоҳ Меҳроҷ Ҳайдаровро ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум намудааст.

Бояд гуфт, ки дар Русия соли 2022 сафарбаркунии ҷузъӣ эълон шуд ва дар доираи он беш аз 250 ҳазор нафар даъват шуданд. Ҳарчанд масъулини Вазорати дифои Русия эълон карданд, ки сафарбаркунӣ ба анҷом расидааст, аммо дар ин хусус ҳеҷ фармони хос содир нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.