Сафири Тоҷикистон ҳодисаи ба Молдова роҳ надодани ҳайати ДСРТ-ро шарҳ дод

Омӯзгорони тоҷике, ки дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуда буданд, рӯзи дигар ба Истанбул фиристода шуданд ва ҳеҷ касе онҳоро ба муддати ду рӯз ё зиёда аз он дар фурудгоҳи пойтахти Молдова нигоҳ надоштааст. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Украина ва ҳамзамон Молдова Давлат Назрӣ изҳори назар кард. Тавре ки ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, […]

Asia-Plus

Омӯзгорони тоҷике, ки дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуда буданд, рӯзи дигар ба Истанбул фиристода шуданд ва ҳеҷ касе онҳоро ба муддати ду рӯз ё зиёда аз он дар фурудгоҳи пойтахти Молдова нигоҳ надоштааст. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Украина ва ҳамзамон Молдова Давлат Назрӣ изҳори назар кард.

Тавре ки ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, омӯзгорон ба Тираспол – пойтахти Приднестровйе сафар доштанд, аммо вақте ки ба Молдова расиданд, онҳоро боздошт намуданд.

“Инҳо се омӯзгори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) – декан, мудири кафедра ва омӯзгор буданд. Онҳо шоми рӯзи 18 сентябр ба Кишинёв омаданд, вале онҳоро ба ин кишвар роҳ надоданд. Лекин нимаи рӯзи дигар онҳоро бозпас ба Истанбул раҳсипор карданд”, – гуфт ӯ.

Давлат Назрӣ маълуомти бархе аз расонаҳоро дар бораи ду рӯз дар фурудгоҳ нигоҳ доштани онҳоро рад кард.

Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои ба Молдова роҳ надодани онҳо дархост нашудааст.

“Чунин ҳодисаҳо ягона нестанд. Пеш аз ба кадом як чорабиние рафтан, масалан аз ВКХ ё сафорат фаҳмидан лозим аст, ки барои ба чунин чорабинӣ рафтани шумо ягон мушкилот ҳаст ё не. Донистан лозим аст, ки оё рафтани шумо ба он зарур аст?”, – зикр кард дипломати тоҷик.

Ёдрас мекунем, ки хабаргузории РИА Новости дар Telegram-и худ иттилоъ дода буд, ки гурӯҳи олимони иборат аз филологу таърихшиносон ва омӯзгорон барои иштирок дар конфронс дар мавзӯи забони русӣ ва сиёсати забон ба Приднестрове мерафтанд.

Аммо сарфи назар аз мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба ворид шудани онҳо ба Молдова иҷоза надодаанд. Дар хабар зикр гардида буд, ки ду шабонарӯз инҷониб онҳо зери назорати мақомоти пулис дар фурудгоҳии Кишинёв нигоҳ дошта мешаванд.

Кормандони фурудгоҳи Молдова ба олимон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки дар онҳо сабаби боздошти онҳо ба “иҷро нашудани дигар шартҳои муқаррарнамудаи мақомоти Молдова барои вуруди хориҷиён ба кишвар” рабт дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.