Дар ҷашнвараи кинои Тошканд Тоҷикистон чӣ намоиш медиҳад?

Ҷашнвораи XV байнулмилалии “Марвориди Роҳи Абрешим” аз 29 сентябр то 3 октябр дар Тошканд доир мегардад. Дар он филмҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон намоиш дода мешаванд. Имсол дар ҷашнвора бори нахуст Австралия, Индонезия, Марокаш, Сенегал, Тунис ва Черногория ширкат меварзанд. Ғайр аз ин, ҳайатҳои синамогарон аз қариб 40 кишвар, аз ҷумла Британияи Кабир, Олмон, […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Ҷашнвораи XV байнулмилалии “Марвориди Роҳи Абрешим” аз 29 сентябр то 3 октябр дар Тошканд доир мегардад. Дар он филмҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон намоиш дода мешаванд.

Имсол дар ҷашнвора бори нахуст Австралия, Индонезия, Марокаш, Сенегал, Тунис ва Черногория ширкат меварзанд. Ғайр аз ин, ҳайатҳои синамогарон аз қариб 40 кишвар, аз ҷумла Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Фаронса ва Ҷопон низ ҳузур хоҳанд дошт.

Тавре ки сомонаи нашрияи “Овози тоҷик” хабар медиҳад, ҷойҳои асосии намоиши филмҳои ҷашнвора дар Тошканд ва Самарқанд муқаррар шудааст. Аз 64 филме, ки ба кумитаи тадорукоти ҷашнвора пешниҳод шудааст, 44-тоаш барои намоиш тавсия гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин ҷашнвора синамогарони беш аз 30 кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Исроил, Хорватия, Ҷопон, Лаҳистон, Фаронса, Латвия, Чили, Корея, Эстония, Олмон, Португалия, Сингапур ва Украина ширкат хоҳанд кард.

Бори нахуст ин ҷашнвора дар Ӯзбекистон соли 1968 баргузор шуда, яке аз бузургтарин ҳамоишҳои синамогарони кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ маҳсуб меёфт.

“Ҷашнвора бо мақсади ҳифз ва инкишофи анъанаҳои қадимаи синамои миллӣ, рушди минбаъдаи фаъолияти фарҳангию маърифатӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ, тарбияи ватанпарварӣ, дӯстӣ ва бародарии халқҳо, тавсеъаи доираи ҳамкории эҷодӣ миёни кишварҳои гуногун, эҳёи ҷашнвораи кинои Тошканд баргузор мешавад”, – изҳор мекунанд дастандаркорони чорабинӣ.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби кори ҷашнвора машғулиятҳои соҳавӣ ва вохӯриҳои эҷодӣ бо ходимони кино баргузор мешаванд.

Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад?

Аз кишвари мо дар барномаи озмун филми “Фортуна” (“Дов”)-и коргардон Муҳиддини Музаффар иштирок мекунад. Ин филм чанде пеш барои беҳтарин сенария ба ҷоизаи Ҷашнвораи кинои мусулмонии Қазон сазовор дониста шуд. Филм соли 2022 таҳия шуда, дар 18 ҷашнвораи байнулмилалии кино иштирок кард ва ба 16 ҷоиза соҳиб шуд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора рӯзи 29 сентябр дар Донишкадаи давлатии ҳунар ва фарҳанги Ӯзбекистон бо актёр Исфандиёр Ғуломов вохӯрӣ доир мегардад.

Рӯзи 30 сентябр дар ҳамин ҷо бо актёр ва коргардон Тағоймурод Розиқов машғулият баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ҷашнвора маросими рӯнамоиҳо доир гардида, дар он доир ба ҷараёни таҳияи филми ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки аз ҷониби синамогарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон наворбардорӣ мешавад, маълумот дода мешавад. Муфассалтар дар ин хусус актёр Умед Искандаров изҳори назар кард.

Ғайр аз ин, намояндаи Тоҷикистон – коргардони маъруфи кино Шарофат Арабова ба ҳайати ҳакамони озмуни “Филмҳои миллӣ” шомил аст. Инчунин ҳамроҳи ӯ ҳакамон аз Австралия, Италия, Қазоқистон ва Қирғизистон ба филмҳо баҳогузорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.