Ширкати “Крокус Групп”-и Русия беш аз 40 млн рубл қарзаш аз муҳоҷирони тоҷикро пардохт кардааст

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия қарзи худ аз 450 муҳоҷири тоҷикро пардохт кардааст. Ин ширкат аз муҳоҷирони тоҷик дар умум беш аз 41 млн. рубли русӣ қарздор буд.

Пас аз корпартоӣ ва дахолати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ниҳоят ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия беш аз 41 млн рубл карзашро дар назди 450 муҳоҷири тоҷик пардохт кардааст.

Садбарг Собирова, сухангӯи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки пас аз дахолати намояндагии вазорат дар Русия ва муроҷиат ба роҳбарияти ширкати сохтмонии “Крокус Групп” ва Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат Русия ин ширкат музди меҳнати се моҳи охири соли гузашта, яъне октябр, ноябр ва декабр ва моҳҳои январ ва феврали соли 2023-ро ба муҳоҷирони тоҷик пардохт кардааст.

“Аз 23-юми август то 7-уми сентябр ширкати “Крокус Групп” дархостҳои Намояндагиро вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат ва пардохт намудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қонеъ гардонида, ба коргарони тоҷик музди меҳнати аз 2 то 4 моҳа пардохтнашударо, ки беш аз 41 млн рублро ташкил дод, пардохт намуд”, – гуфт Садбарг Собирова.

Ба таъкиди Садбарг Собирова айни ҳол ширкати “Крокус Групп” назди муҳоҷирони тоҷик қарздор нест.

“Муҳоҷирони тоҷик аз моҳи март то август низ маошашонро гирифтаанд”, – гуфт ӯ.

Дар ду наворе, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, муҳоҷирони тоҷик тасдиқ мекунанд, ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия  “музди меҳнати то 4-моҳаи 450 нафар муҳоҷири тоҷикро, ки дар ҷамъ 41 миллион рубл мешавад, пардохт кард”.

Бояд гуфт, ки охири моҳи феврали соли равон як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбек, ки дар ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия кор мекарданд, аз сабаби нагирифтани музди меҳнати чандмоҳа даст ба корпартоӣ заданд.

Баъди чанде Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия хабар доданд, ки бо намояндагони ширкати сохтмонӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон  вохӯрданд ва масъалаи мазкурро баррасӣ карданд.

Маълум гардидааст, ки  дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар кормандон ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда аз Ӯзбекистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи март ин ширкати сохтмонии Русия беш аз 100 миллион рубли русии муҳоҷиронро пардохта кард, ки он, ба қавли масъулин, як қисми музди меҳнати муҳоҷирон буд ва қисми дигарро бояд баъдан пардохт мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...