Ин ҷо ба шумо дурӯғ мегӯянд. 8 манбаи муфид барои шинохти фейкҳо

Фарангис Давронова, Asia-Plus

Навори ахбори смартфони мо аз  гузоришҳои видеоӣ, сурат ва навигариҳо дар бораи рӯйдодҳои гуногун лабрезанд. Дар ин навигариҳо фейк (хабари дурӯғ, қалбакӣ) ё дипфейкҳо (комилан дурӯғ) ниҳон буда метавонанд, ки касро ба гумроҳӣ мебаранд ё ба ҳарос андохта метавонанд. Аз ин рӯ, ҳозир бояд аз ҳарвақта дида бештар саводнокии расонаии худро баланд бардошт.

Саводнокии расонаӣ – ин қобилияти сарфаҳм рафтан ва ҳамкории мутақобила дар фазои расонаӣ аст. Малакаи таҳлил ва арзёбии иттилоот дар ҳаёти рӯзмарра.

Саводнокии расонаӣ натанҳо дар шинохту арзёбии маълумот кумак мекунад, балки тафаккури интиқодӣ ва қобилияти қабули қарорҳои асоснокро рушд медиҳад.

Дар ин мавод мо манбаъҳоеро баррасӣ хоҳем кард, ки ба шумо дар такмили малакаҳои саводнокии расонаӣ ёрӣ мерасонанд.

Дипфейк чист?

Шояд шумо дидаед, ки Барак Обама Доналд Трампро таҳқир мекунад ё Путин бо навигариҳо шинос шуда, дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ андеша меронад ё ба навори видеое, ки дар он Илон Маск суруди “Земля в иллюминаторе”-ро мехонад.

Ҳамаи ин видеоҳо бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ сохта шудаанд ва дипфейкҳо номида мешаванд. Шояд ҳоло на ҳама дар бораи онҳо огаҳии хуб доранд.

Аммо хабарҳои фейкӣ (қалбакӣ) дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ кайҳо ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтаанд.

Ин манбаъҳо ба шумо дар мустақилона санҷидани муҳтаво кумак мекунанд

Сервиси Youtube Data Viewer аз Amnesty International ба шумо ҷиҳати дарёфти манбаи аслӣ (якум)-и видео кумак мекунад. Шумо бояд ба лавҳаи ҷустуҷӯ ба видеои YouTube линки фаъол (гиперссилка)-ро илова кунед. Он ба стоп-кадрҳо тақсим карда мешавад – онро метавон ба гунаи мисол, барои ҷустуҷӯи тасвирҳо (картинки) дар “Яндекс” истифода бурд.

Бар асоси ин стоп-кадрҳо сервис ҳама гуна видеои ба ин монандро нишон медиҳад, ки байни онҳо аввалин боргузоришудааш ҳам пайдо мешавад.

Google Search by Image ҷустуҷӯйи баръакс аз рӯи тасвир аст, ин ҷо метавон аксро боргузорӣ намуд, то ки манбаи аслии онро пайдо кунед ва бубинед, ки он дар куҷо интишор шудааст.

TinEye – боз як воситаи ҷустуҷӯи баръакс аст. Ҷустуҷӯи вариантҳои гуногуни тасвир, аз ҷумла варианти тағирёфта: буридашуда, коркардшуда, бо унсурҳои иловагӣ.

Дар ин ҷо шумо метавонед натиҷаҳоро аз рӯи мувофиқат, андоза ё дараҷаи фарқият аз нусхаи асл полоиш кунед.

Pipl.com – барои ҷустуҷӯи "пайи интернетӣ”-и корбар" тарҳрезӣ шудааст, барои муайян кардани ӯ ва пайдо кардани аксҳо кумак мекунад.

Барнома дар тамоми шабакаҳои иҷтимоии амрикоӣ ҷустуҷӯ мекунад – барои ин ному насаб бояд бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шавад. Хусусияти ин барнома дар он аст, ки он дар "Интернети амиқ" (deepWeb) ҷустуҷӯ карда, аз ҷониби системаҳои ҷустуҷӯии маъмулӣ рад мешавад ва барои корбарон дастнорас аст.

Барномаҳое, ки бо ёрии онҳо дипфейкҳоро ошкор кардан мумкин аст:

Deepware – сканер видеои бепул бо коди аввалияи кушода ва замима барои Android.

Image Edited – барнома ба таври ройгон муайян мекунад, ки оё ба тасвир тағйирот ворид карда шудааст ё не. Агар вуҷуд дошта бошад, хабар медиҳад, ки онҳо дар кадом муҳаррири графикӣ сохта шудаанд. Сервис аксҳоро дар сатҳи пиксел ва рангҳои онҳо таҳлил мекунад.

Factcheck.tj – лоиҳаест, ки ҳадафаш тафтиши далелҳо дар хабарҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин сомона таҳлили муфассали изҳороту тасдиқҳоро пешкаш месозад, то ба хонандагон дар сарфаҳм рафтан ба дурӯғҳо ёрӣ расонад. Илова бар ин, сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кор мекунад.

AllSides – агрегатори ахбор буда, дар бораи як ҳодиса нуктаи назари гуногунро пешниҳод мекунад. AllSides манобеъи хабариро ба "чапгаро", "марказгаро" ва "ростгаро" гурӯҳбандӣ карда, ба хонандагон ёрӣ медиҳад, то бифаҳманд, ки пешниҳоди як ҳодиса вобаста ба тамоюли сиёсии манбаъ чӣ гуна метавонад тағйир ёбад.

Ва ниҳоят, тест (санҷиш)-и хурд аз “Новый репортер”, ки бо он шумо метавонед аз малакаҳои худ оид ба санҷиши иттилоот огаҳӣ ёбед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...