Ҷанҷол бо милисаҳо дар Лакат. 4 нафар равонаи зиндон ва 2 каси дигар шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд-манбаъ

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Истаравшан дар пайи қазияи ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо милисаҳо 4 сокини ин деҳаро аз 2 солу 6 моҳ то 3 сол равонаи зиндон карда, ду нафари дигарро аз 6 моҳ то 1,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум намудааст. Дар ин бора наздикони маҳкумшдагон хабар доданд. Мақомот дар ин бора хомуширо ихтиёр кардаанд.

Яке аз наздикони маҳкумшудаҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми суд як моҳ қабл 7-уми сентябри соли равон содир шудааст.

Вале мақомот бо ҳар роҳ мехоҳанд, ҳукми додгоҳро пинҳон доранд. Аз ҷумла, кушишҳои мо барои дарёфти нусхаи ҳукми суд ва ё тасдиқи он аз мақомот, аз ҷумла Додгоҳи шаҳри Истаравшан ва Додгоҳи вилояти Суғд бенатиҷа анҷом ёфт.

Наздикони судшавандаҳо имрӯз, 4-уми октябр дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бар асоси ҳукми суд Ҷамолиддин Раҳматов 3 сол, Деҳқон Абдусамадов, Бурҳон Турдиев ва Талант Маҳмадқулов 2 солу 6 моҳи равонаи зиндон гардиданд.

“Инчунин, додари Ҷамолиддин  Раҳматов-Ғайрат Раҳматов бо пардохти ҷарима 1 солу 6 моҳ ва Исфандиёр Урунбоев 6 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум шуданд”, – гуфт манбаи мо.

Ҳамсуҳбати мо, ҳаҷми пардохти ҷаримаи Раҳматовро нагуфт, вале афзуд, бо гузаштаи як моҳ аз судури ҳукми додгоҳ пайвандони маҳкумшудагон ба зинаҳои болоии додгоҳ, аз ҷумла кассатсионӣ шикоят набурдаанд.

Ҳамин тариқ, мавқеи судшавандаҳо ва наздикони онҳо дар робита ба ҳукми догоҳ маълум нест.

Қаблан, дар пайи ин қазия мақомот аз боздошти панҷ нафар хабар дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи муноқишаи сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо милисаҳо охири моҳи май рух дод. Сабаби ҳодиса гуногун шарҳ дода мешавад.

Нахуст, Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри наворе гуфта буд, ки сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд. Дертар  навор аз сомона пок шуд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар пайи ин ҳодиса  нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳи 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Баъдан, 3-юми август, Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан ҳодисаи мазкурро шарҳ дода, гуфта буд, ки сабаби асосии он, маъракаи даъват ба артиш буд.

Пайвандони сокинони боздоштшуда ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, кормандони милитсия духтари ноболиғро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд ва нисбати ӯ рафтори ношоиста кардаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Дар ҳамин ҳол, Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ мегӯяд, кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ барои суҳбат бо журналистон ва паҳн кардани навор аз ҷойи ҳодиса, фишор меоранд.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотии ахири худ, 14-уми август, сабаби муноқишаи мазкурро “монеагӣ эҷод кардан барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ” номид.

Ҳамин тариқ, Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, духтари ноболиғе, ки гуфта мешавад, боиси муноқиша миёни кормандони милитсия ва сокинон дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан шудааст, дар “амалиёт”-и ҷалби ҷавоне ба артиш иштирок доштааст. Кормандони оперативӣ мехостаанд тавассути он духтар, ҷавони аз хидмати ҳарбӣ саркашикардаро дастгир намоянд.

То ҳол назари ҷабрдидаҳо, аз ҷумла милисаҳо дар ин қазия маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...