“Мушкили 30-солаи Тоҷикистон”. Эътирофи мақомот дар бораи қатъи нерӯи барқ хашми аҳолиро ба бор овардааст

Дар Тоҷикистон як ҳафта мешавад, ки расман маҳдудияти нерӯи барқ ё худ “лимит” ҷорӣ шудааст. Сокинон аз ин вазъ нигаронӣ карда, мегӯянд, вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барқро нафурӯшад ва дигар дар бораи бо нерӯи барқ таъмин кардани мардуми худ фикр кунад. Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳафтаи гузашта бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии […]

Дар Тоҷикистон як ҳафта мешавад, ки расман маҳдудияти нерӯи барқ ё худ “лимит” ҷорӣ шудааст. Сокинон аз ин вазъ нигаронӣ карда, мегӯянд, вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барқро нафурӯшад ва дигар дар бораи бо нерӯи барқ таъмин кардани мардуми худ фикр кунад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳафтаи гузашта бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии нерӯи барқ огоҳ карда, эътироф намуд, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад.

Дар муроҷиатномаи “Барқи Тоҷик” аз кам гардидани ҳаҷми резиши об дар обанбори НБО “Норак” иттилоъ дода шуда, бо такя ба “хулосаи мутахассисони соҳа” таъкид мегардад, ки имсол низ норасоии мавсимии нерӯи барқ эҳсос хоҳад шуд.

Ҳоло дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Панҷакент, Ваҳдат, Восеъ, Варзоб, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хуросон, дар баъзе ҷойҳо шабона ва дар баъзе манотиқи дигар рӯзона, маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.

“Вақти он расидааст, ки дар бораи мардуми худ фикр кунед”

Имсол “мавсим”-и ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ пештар шурӯъ шуд ва дар ин баробар хашми сокинонро ба миён овард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери хабарҳои маҳдудияти барқ дар платформаҳои “Азия-Плюс” шарҳҳои гуногун навиштанд. Аз ҷумла, онҳо аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя ва 30 сол инҷониб ба мавсими сармо омодагӣ дидани масъулин нигаронии шадид кардаанд.

Як корбар бо муроҷиат ба масъулин менависад, “беҳтар аст, ошкоро гӯед, ки барқро мефурӯшед ва барои аҳолии Тоҷикистон “лимит” ҷорӣ мекунед”.

“Тоҷикистон дар 8 моҳи имсол аз содироти нерӯи барқ 85,1 миллион доллар даромад гирифт, чӣ мешавад, ки ба ҷои фурӯш ба мардумаш нерӯи барқ диҳад?”, – суол мегузорад parvizzz06.

Ба ин монанд Nazar_tagaev, корбаре дар Инстаграм ҳам менависад, ки “содироти нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсояро лағв кунед. Вақти он расидааст, ки дар бораи халқи худ фикр кунем”.

Дар ин баробар, корбарони зиёде роҳҳал пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, корбаре бо номи khabibm17 менависад, ки “ман намефаҳмам, ки чаро дар Тоҷикистон аз панелҳои офтобӣ истифода намебаранд”.

“Мо набояд ба як нерӯгоҳи барқии обӣ такя кунед, балки бояд нерӯгоҳи атомӣ низ бисозем”, – пешниҳод кардааст ramsheds1111.

“Проблемаҳое, ки дар солҳои 90-ум буданд”

Аммо сокинон аз иддаоҳои якранге, ки ҳамасола барои ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ пеш меоранд, шадидан иштиқод кардаанд. Як сокини шаҳри Ваҳдат ҳам навиштааст, ки “Тавба! 30-сола шудам, вале ҳамин Ваҳдати бечора светро намебинад”.

Корбари дигар бо номи broot.azi94 ба мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар ишора карда, менависад, ки "дар зимистон чароғ надорем, як кг ангишт қариб 4 сомонӣ, як халта орд 380 сомонӣ, равған барои 5 литр қариб 100 сомонӣ арзиш дорад. Дар бораи газу бензин умуман чизе намегӯям. Ягона маҳсулоти арзон дар бозор қаламфур аст. Аммо мо ҳар рӯз идҳои бошукӯҳ дорем”.

Як корбари дигар бо номи dzamoliddinkabirov танзомез гуфтааст, “соли оянда “Барқи тоҷик” мегӯяд: “Тобистон хеле гарм буд, барои ҳамин ҳама оби дарёҳо бухор шуд, моро бифаҳмед ва бубахшед, дигар ба шумо барқ намедиҳем”.

“Дар масъалаи нерӯи барк ҳанӯз ҳамон проблемаҳое ҳастанд, ки солҳои 90-ум буданд… Ва дар бораи рушди кишвар ҳам гап мезананд! Рушд маҳз дар ҳамин аст, ки шаҳрвандони худро бо барқу об таъмин мекунанд, на дар бунёди иншооти зиёд”, – иброз доштааст dilkadil23.

Ёдовар мешавем, ҳанӯз дар фасли баҳор ҳукумати кишвар масъулини соҳаи барқро муваззаф карда буд, ки ба зимистон омодагии дуруст бинанд, аммо бо шурӯъ шудани фасли тирамоҳ ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки ҳаҷми резиши об дар обамбори НБО “Норак” кам шудааст ва аз ин рӯ, ногузир аст, ки маҳдудияти барқ ҷорӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол ҳам, давоми ҳашт моҳи соли равон Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​беш аз 85,1 миллион доллар даромад ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 3 дарсад бештар аст. Тоҷикистон барқро асосан ба Афғонистон ва Ӯзбекистон ва ба миқдори қаблан мувофиқашуда мефурӯшад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.