“Нишонаи эҳтиром ба миллат, модар ва Ватан”. Таҳнияти Эмомалӣ Раҳмон ба Рӯзи забон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тоҷикистониёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки имрӯз, 5-уми октябр таҷлил мешавад, табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Сарвари давлат гуфт, забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тоҷикистониёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки имрӯз, 5-уми октябр таҷлил мешавад, табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Сарвари давлат гуфт, забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

“Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст”, – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки “донистани забони модарии худ нишонаи эҳтиром ба миллат, модар, Ватан, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ” аст.

Раисҷумҳур қайд кард, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавононе, ки дар озмунҳои гуногун иштирок мекунанд, хеле хуб ва рӯҳбаландкунанда аст. Ӯ инчунин хостори пуштибонӣ аз ин падида ва фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтар барои ҷавонон шуд.

Дар хотима Президент таъкид кард, ки азхуд кардани забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ унсурҳои асосии ҳамгироӣ бо тамаддуни ҷаҳонӣ ва рушди илмҳои муосир мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун ганҷи гаронбаҳои миллӣ ва рамзи фарҳангу маънавиёти мардуми тоҷик ҳифз карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол инҷониб 5-уми октябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Аз соли 1989 то 2009 Рӯзи забон 22-юми июл ҷашн гирифта мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.