Боришоти пуршиддат ва барф: дар Тоҷикистон ҳаво якбора хунук мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ шаҳрвандонро аз якбораи тағйирёбии вазъи обуҳаво огоҳ мекунад. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзҳои 6-7 октябр дар водиҳо борони пуршиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр) бо гузаштан ба барф дар назар аст. Гуфта мешавад, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа поин рафта, […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ шаҳрвандонро аз якбораи тағйирёбии вазъи обуҳаво огоҳ мекунад.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзҳои 6-7 октябр дар водиҳо борони пуршиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр) бо гузаштан ба барф дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа поин рафта, суръати вазиши шамол то 13-18 м/сония пурзӯр мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар боришоти пуршиддат, раъду барқ ва жола, инчунин шамоли сахт бо суръати то 15-20 м/сония пешгӯи мешавад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ ҳодисаҳои фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, пешбинӣ шудааст.

“Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт ба мавзеи кӯҳистон, чаронидани чорво, ҷамъоварии занбурӯғу дигар растаниҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоред. Дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо қарор доштан ва моҳидорӣ тавсия дода намешавад”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ё нохуш ба телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.