Дар толори калон, вале бо нархи гарон. Намоишгоҳи “Китоби Душанбе” чӣ гуна мегузарад?

Се рӯз инҷониб дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонон аз 7 кишвари хориҷа баргузор гардида истодааст. “Азия-Плюс” аз намоишгоҳ гузориш таҳия кард. Ин намоишгоҳ дар толори барҳавои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузашта истодааст. Сокинон ва меҳмонони пойтахт барои тамошо ва хариди китобҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англистӣ ва инчунин бо хатти […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Се рӯз инҷониб дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонон аз 7 кишвари хориҷа баргузор гардида истодааст. “Азия-Плюс” аз намоишгоҳ гузориш таҳия кард.

Ин намоишгоҳ дар толори барҳавои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузашта истодааст. Сокинон ва меҳмонони пойтахт барои тамошо ва хариди китобҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англистӣ ва инчунин бо хатти форсӣ меоянд.

Аксарияти тамошобинони ин намоишро донишҷуён ва омӯзгорони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд, аммо меҳмонон низ кам нестанд.

Дар намоиши мазкур ноширони хориҷӣ аз Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Тукманистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок карда истодаанд, ки дар баробари ба намоиш гузоштани мероси илмию адабии хеш инчунин китобҳои тозанашри худро низ ба фуруш мегузоранд.

Аммо тамошобинон аз гарон будани  нархи китобҳо нигаронӣ доранд.

Максади баргузории ин намоишгоҳ таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас тавассути мутолиаи китоб мебошад.

Ин намоишгоҳи байналмилалӣ имрӯз, 5-уми октябр, ба анҷом мерасад ва дар поёни ин маросим иштирокдорон ва фаъолони ин чорабинии фарҳангӣ бо дипломҳо ва сипосномаҳои қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ин намоишгоҳзи 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” аст ва он соли 2013 инҷониб ҳамасола бо ширкати меҳмонону ноширон аз кишварҳои хориҷа баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.