Боздошти 8 нафар барои воридоти “мошинҳои куҳна” ба Тоҷикистон

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Мақомоти амнияти вилояти Суғд 8 сокини вилоятро барои бо роҳи сохтакорӣ ворид кардани мошинҳои сохти то соли 2005 боздошт карданд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар вилояти Суғд дар гузориши телевизионии “Масири қаллобон” хабар дод.

Манбаъ гуфт, бо роҳи сохтакорӣ рақамҳои индефикиатсионӣ, яъне вин-коди нақлиёти сохти то соли 2005-ро ба соли 2006-2009 иваз карда, ба кишвар ворид мекарданд.

Оғози соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон вуруди мошинҳои тавлидашон то соли 2005-ро манъ ва сабабро ҳифзи муҳити зист гуфта буд.

Ҳамин тариқ, дар моҳи августи соли равон ҳукумати кишвар бо қарори дигар воридоти мошинҳои сохти то соли 2013-ро манъ кард ва сабаби он ҳам ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз садмаҳои мудҳиши нақлиётӣ гуфта мешуд.

Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд аз 6 нафар гумонбарон ном бурдааст, ки онҳо Маҳкам Ақилов,  Абдуазиз Абдушукуров, Мансурҷон Муҳиддинов, Маҳмудӣ Далер, Салимов Дадоҷон ва Абдураҳмон Набиев мебошанд.

Манбаъ афзудааст, Абдуазиз Абдушукуров ҳамроҳи Ақилов Маҳкам “бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт бо як таҷҳизоти компютерии лазерӣ ба сохтакории вин-кодҳои нақлиёт машғул шудаанд”.

Онҳо аз соли 2018 то сентябри соли 2023 барои омода намудани як вин-коди воситаи нақлиёт дар шакли металӣ ва қоғазӣ аз 800 то 1000 сомонӣ маблағ  мегирифтанд.

“Соҳибкорон бо тавсияи Маҳкам Ақилов мошинҳои сохти то соли 2005-ро аз Аврупо бо нархи арзон харида, вин-кодҳои ба ҳамин монанд мошинҳои сохти аз соли 2005 болоро нусхабардорӣ ва ба Ақилов Маҳкам ё Абдушукр Абдуазизов мефиристанд. Онҳо ин вин-кодҳоро тариқи таҷҳизот моҳирона сохтакорӣ мекарданд.

Манбаъ мегӯяд, танҳо дар як сол Ақилов Маҳкам ва Мансурҷон Муҳиддинов, ки ба савдои мошин машғул буд, вин-коди 30 воситаи нақлиётро дар шакли металӣ ва коғазӣ иваз карда, ба Тоҷикистон даровардаанд.

Раёсати КДАМ дар Суғд мегӯяд, гумонбарон ҳамчунин, вин-кодҳои мошинҳое, ки дар Тоҷикистон ба садама дучор мешуданд, ба мошинҳои сохти то соли 2005 насб карда, онҳоро ба кишвар ворид мекарданд.

“Шаҳодатномаи  техникӣ ва рақамҳои қайди давлатии мошинҳои корношоям ва ба садама дучоршударо ба Ақилов Маҳкам ва ё Абушукур Абдуазизов медоданд. Баъдан, ба  ҳамон тамға монанд нақлиётро аз хориҷи кишвар харида, пеш аз ворид шудан ба Тоҷикистон вин-коди қаблакӣ ва рақамҳои мошини аз Тоҷикистон ёфтаро насб мекарданд ва бо нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ки гӯё чанд рӯз пеш маҳз бо ҳамин воситаи нақлиёт ба хориҷи кишвар рафтаанду ҳоло бармегарданд, воситаи нақлиётро ба кишвар ворид мекунанд”, -омадааст дар гузориш.

Ин ниҳод аз гумонбари дигар Маҳмудӣ Далери 34-сола ном бурд, ки ҳангоми ворид кардани ду адад нақлиёти тамғаи “Опел Зафира”, ки соли бароришашон 2003 ва 2005 буд, дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии ноҳияи Зафаробод дастгир гардид.

Ҳамчунин, ин ниҳод гуфтааст, аз манзили истиқомати Маҳкам Ақилов ва  Абдуазиз Абдушукуров дастгоҳи ивазкунии вин-код ва чанд вин-кодҳои сохташуда дар метал ва коғаз дарёфт гардид.

Мақомот иттилоъ додааст, ки нисбати Ақилов Маҳкам, Абдуазиз Абдушукуров ва Маҳмудӣ Далер барои сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат… бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон (модаи 340 қисми 2 бандиҳои “б”) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар гузориш гуфта нашудааст, ки нисбати гумонбари чаҳорум-Мансурҷон Муҳиддинов бо кадом модда парванда боз шудааст. Ҳарчанд зикр мешавад, нисбати онҳое, дар ин кирдори ғайриқонунӣ даст доштаанд чораҳои тафтишотӣ идома дорад.

Моддаи 340-и Кодекси ҷиноятӣ аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...