Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика ба се олим тақдим шуд

Имсол ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика барои омӯзиши электронҳо ва табиати нур ба Пиер Агостини, Ференс Краус ва Анн Л'Ҳуилер тақдим гардид, хабар медиҳад ВВС. Аъзоёни кумитаи Нобел саҳми пешқадами ҷоизадоронро дар физикаи аттосекунд ситоиш карданд. Аз ҷумла, фаҳмидани он ки бо материя дар сатҳи мутақобилаи молекулавӣ дар тӯли як квинтиллион сония чӣ рӯй медиҳад, […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои Asia-Plus

Имсол ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика барои омӯзиши электронҳо ва табиати нур ба Пиер Агостини, Ференс Краус ва Анн Л'Ҳуилер тақдим гардид, хабар медиҳад ВВС.

Аъзоёни кумитаи Нобел саҳми пешқадами ҷоизадоронро дар физикаи аттосекунд ситоиш карданд. Аз ҷумла, фаҳмидани он ки бо материя дар сатҳи мутақобилаи молекулавӣ дар тӯли як квинтиллион сония чӣ рӯй медиҳад, мавриди дастгирии доварон шудааст.

Ин импулсҳо барои омӯхтани ҳаракати электронҳо дар дохили атомҳо истифода мешуданд.

Ин дуввумин ҷоизаи Нобел дар соли ҷорӣ мебошад. Чанд рӯз пеш Каталин Карико аз Маҷористон ва Дрю Вайсман аз ИМА барои кашфиётҳое, ки имкони таҳияи ваксинаҳои навро дар  РНК доранд, ҷоизаи Нобел-2023 дар соҳаи тиб ва физиологияро гирифтанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 1901 инҷониб ҷоизаи Нобел дар риштаи физика ба 222 олим дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика ба донишманди фаронсавӣ Ален Аспе, физики амрикоӣ Ҷон Клаузер ва олими австриягӣ Антон Зайлингер тақдим гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.